Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест…

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест…

  • Post category:Фарҳанг

Китоб манбаи дониш, дӯсти холису бетамаъ, маслиҳатгари хирадманд, ҳамсӯҳбати дерина ва гавҳари бебаҳост. Вай инсонро ба роҳи дурусти ҳаёт ҳидоят намуда, барои инсони комил шуда ба воя расидан ёрӣ мерасонад. Дар ин хусус бисёр шоирон шеъру байтҳо навиштаанд. Абдураҳмони Ҷомӣ ба ин маъно мегӯяд:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Албатта, китоб ба ҳангоми танҳоӣ ҳамдаму муниси инсон ва дар шаби торику зулмат чун чароғи нурафшон, ба дили инсон равшанӣ меандозад. Зеро бе китоб, бе илму маърифат зиндагӣ маъное надорад, агарчӣ одам сарватманд бошад ҳам.
Модоме, ки китоб манбаи дониш, ғизои маънавӣ ба ҳисоб меравад, бояд онро дӯст дорем ва эҳтиром намоем. Гузаштагони мо нисбати китоб ва китобхонӣ завқи баланд доштанд, дар вақти хондани он ба беътиборӣ роҳ намедоданд. Агар пораи коғаз ё варақи китобро дарёфт кунанд, онро эҳтиёт мекарданд, чунки дар баъзе саҳифаҳои он сухани Худову Расул рӯйи коғаз оварда шудааст. Шояд аз ҳамин бошад, ки Имоми Аъзам аз кӯчаи коғазфурӯшон пойи бетаҳорат намегузаштанд. Хоҷа Абӯҳафзи Бухороӣ низ дар ин хусус гуфтаанд: «Бетаҳорат аз кӯчаи варроқон нагузаштаам».
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза зи ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.
Дар гузашта, сабаби хор гаштан ва бебаҳра мондани инсонро аз беҳурмат кардани илму маърифат, аз коғазу китоб, олиму фузало медонистанд. Ба қадри заҳмату машаққати нависанда ва харҷу меҳнати он мерасиданд. Афсӯс, ки имрӯзҳо нисбати китобу китобхонӣ эътибор кам шуда, сатҳи маънавияти ҷавонон паст меравад. Ин масъаларо сарвари давлат дуруст пай бурда, аз тарафи ҳукумат барои китобхонҳо имкониятҳо фароҳам оварда мешавад. Китобхонаҳои нав ба нав кушода шуда, барои мутолиаи китоб толорҳои шинам бунёд мегарданд.
Дар байни китобхонҳои маҳалла, мактаб ва оилаҳо озмунҳои «Беҳтарин китобхони маҳалла», «Беҳтарин мактаби китобхон», «Беҳтарин оилаи китобхон» гузаронида мешавад. Гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Китобхони аз ҳама ҷавон» корҳои ин самтро ба зинаи нав баровард гӯем хато нахоҳад шуд. Ғайр аз ин, моҳи марти соли 2019 барои ривоҷи ояндаи мамлакат аз ҷониби Президентамон 5 ташаббуси муҳим пешниҳод гардид, ки яке аз онҳо маҳз ба баланд бардоштани маънавияти ҷавонон, дар байни онҳо васеъ тарғиб намудани китобхонӣ нигаронида шудааст.
Гоҳо дар бозорҳо китобҳои нодир, рӯзномаву маҷаллаҳои нашриро пай мебарем, ки варақҳои онро канда барои эҳтиёҷи худ кор мефармоянд, ки ин амали хуб нест. Таги пой ва нобуд кардани китобҳои нодир ва рӯзномаҳои нашрӣ хорӣ меорад. Чунки дар дохили он чӣ қадар илму маърифат, маданият, санъат, таърихи халқ ва меҳнати бисёрсолаи нависандагон ҷой гирифтааст. Мо таърихи худро асосан ба воситаи ана ҳамин адабиётҳои чандинасра меомӯзем. Чӣ хеле, дар урфият мегӯянд, «Ояндаро мо бе таърих сохта наметавонем». Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри коғазу китоб, рӯзномаву маҷаллаҳои нашрӣ бирасем, то ки дили моро нури маърифат равшан намояд ва мероси гузаштагонамонро бе камбудӣ ба насли оянда расонем.

Наврӯз БОБОРАҲМАТ.