5 ташаббус дар мактабҳои таълими умумӣ

5 ташаббус дар мактабҳои таълими умумӣ

Дар Мактаб-­интернати махсуси барои бачагони нуқсони шунавоӣ дош­таи рақами 61-и шаҳри Самарқанд тадбири мукофотонидани ғолибони фестивали «5 ташаббус дар мактабҳои таълими умумӣ»-и мактабҳои ҳамагонии вилоятҳои Бухоро, Навоӣ, Ҷиззах ва Самарқанд баргузор гардид.
Ҷонишини вазири таълими халқӣ Дилшод Кенҷаев, ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов, сенатор Фармон Тошев, сарвари Садорати таълими халқи вилоят Саидаҳмад Усмонов иштирок карда, бо фаъолияти маҳфилҳое, ки дар доираи 5 ташаббуси муҳими сарвари давлат ташкил гардидаанд, шинос шуданд.
Ба сухан баромадагон роҷеъ ба аҳамияти 5 ташаббус дар пурзӯр гардондани эътибор ба ҷавонон, васеъ ҷалб намудани онҳо ба рушди маънавӣ, санъат ва варзиш, ташаккул додани малакаи истифода бурдан аз технологияҳои иттилоотӣ, тарғиби китобхонӣ байни авлоди ҷавон ва таъмин кардани шуғли занон ҳарф заданд.
– Таълими маҷбурӣ ба хонандагон, ба тартибу интизом даъват кардани онҳо кори мушкил ва дар айни замон бесамар аст, – гуфт ҷонишини вазири таълими халқӣ Дилшод Кенҷаев. – Онҳоро аз рӯйи шавқашон ба варзиш, санъат ва технологияҳои компутерӣ ҷалб кунем, албатта самараи дилхоҳ медиҳад. Фестивал маҳз бо ҳамин мақсад 20-уми ноябри соли 2019 оғоз гардид. Аз ҳамин сана дар гурӯҳи «5 tashabbus_maktabda»-и шабакаи иҷтимоии фейсбук аз тарафи мактабҳои таълими умумӣ видеонаворҳо ҷойгир карда шуданд. То ҳол дар гурӯҳ, ки беш аз 17 ҳазор аъзо дорад, 6165 видеонавор ҷойгир карда шуд. Ба наворҳо 10221 нафар шаҳрванд эзоҳ навиштанд. Аҳамияти тадбир дар он аст, ки меҳнати ҷамоаи ҳар як мактаб аз тарафи халқ баҳогузорӣ гардид. Дар озмун видеонаворҳое, ки аз ҳама бештар эътироф ва тарғиб шудаанд, интихоб гардиданд. Дар арафаи ҷашни Наврӯз байни муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ гузаронидани чунин озмун дар назар аст.
Мувофиқи натиҷаҳои ниҳоии озмун аз рӯи ҳар як ташаббус аз ҳар як ҳудуд 5-то ҷойи ғолибони аввал, 5-то ҷойи дуввум ва 5-то ҷойи сеюм, ҳамагӣ 210-то видеонаворҳои беҳтарин муайян гардида, бо диплом ва тӯҳфаҳо сарфароз гаштанд.
Дар фестивал аз шаҳри Самарқанд 5-то, аз ноҳияҳои Иштихон, Самарқанд, Каттақӯрғон 2-тоӣ, аз шаҳри Каттақӯрғон ва ноҳияи Нарпай 1-тоӣ мактабҳои таълими умумӣ аз рӯйи панҷ ташаббус ғолиб гардиданд.
Ҷамоаи мактаб-­интернати махсуси барои бачагони нуқсони шунавоидоштаи рақами 61-и шаҳри Самарқанд ва мактаби таълими умумии рақами 58-и шаҳр аз рӯйи ду самт дастболо гардиданд.

Зӯҳро ҲАЙДАРОВА,
омӯзгори мактаби таълими умумии рақами 40-и шаҳри Самарқанд
.