200 нафар донишомӯз ва бачагон

200 нафар донишомӯз ва бачагон

  • Post category:Маориф

дар маҳфилҳо фаъол иштирок мекунанд

Дар 60 мактаби ноҳияи Тайлоқ 2 ҳазору 577 нафар омӯзгор ба 37 ҳазору 399 нафар донишомӯз таълим медиҳанд.
Соли гузашта аз рӯйи барномаи «Деҳаи обод» мактабҳои № 18, 30, 45 таъмир карда шуданд. Барои ин аз буҷаи давлатӣ 5 миллиарду 650 миллион сӯм маблағ ҷудо карданд. Соли гузашта шумораи муаллимони дараҷаҳои олӣ, аввал ва дуюм афзуд.
Омӯзгор ва донишомӯзон дар озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ва дар мусобиқаҳои варзишӣ ҷойҳои олиро ишғол карданд. Муаллими мусиқии мактаби миёнаи рақами 3 Абдурасул Норбоев, услубшиноси шӯъбаи маориф Фирдавс Комилов, муаллими забон ва адабиёти ӯзбеки мактаби рақами 22 Абдуллоҷон Қодиров дас­туруламалҳои услубӣ нашр карданд. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявии наҷотдиҳандагони ҷавон дастаи «Қалқон»-и мактаби рақами 17 мукофот гирифт. Дастаи мактаби мазкур дар мусобиқаи вилоятии «Чароғаки раҳнамо» мақоми аввалро сазовор шуд.
– Дар байни донишомӯзон варзишгарони шоҳмот, волейбол, гандбол ва дигар навъҳо хеле бисёранд, – гуфт мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Зумрад Салоҳиддинова. – Донишомӯзони мактаби рақами 17 Тоҳир Толибов ва Шӯҳрат Шодиев дар қувваозмоии байдаркаҳои академӣ дар мусобиқаҳои Осиё ҷойи аввалро соҳиб шуданд.
Дар ин дабиристон довари дараҷаи байналмилалӣ аз рӯйи каратэ Шаҳзод Мелиқулов аз ҳисоби 250 миллион сӯм воми имтиёзноки «Ҷавонон – ояндаи мо»-и «Агробанк» клуби фитнес созмон дод. Дар клуб занҳо ва мардҳои кулли синну сол машғуланд, аммо донишомӯз ва омӯзгорони мактаб ба тариқи ройгон иштирок мекунанд. Дар ин ҷо 80 номгӯйи таҷҳизоти варзишии гуногун мавҷуданд.
– Мактаби мо аз ҷониби ҶММ «Кӯчма карвон» («Корвони сайёр») ба маблағи 3 миллиарду 400 ҳазор сӯм аз рӯйи барномаи «Маҳаллаи обод тармим карда шуд» – гуфт раиси мактаб Қобил Убайдуллоев. – Акнун қариб ҳазор донишомӯз фанҳоро дар утоқҳои покиза меомӯзанд. Дар мактаб маҳфил ва шӯъбаҳои варзишӣ ташкил карда шудааст. Дар ин маҳфилу шӯъбаҳо 200 нафар донишомӯз ва бачагон аз маҳаллаҳои наздик ширкат меварзанд.

Тоҳир НОРҚУЛОВ.