Ҷавонмардӣ

Ҷавонмардӣ

ба ёди неки Ҷамол Сироҷиддин

Издиҳоми одамон тобутро даст ба даст карда, ба сӯйи қабристон мерафтанд. Аз осмон резаборон меомад. Аксарияти ба дафни шоир омада, аз аҳли адаб буданд. Ва ғаму андӯҳ ба чеҳраҳояшон соя афканда буд.
Далер роҳ мерафту мегирист. Қатраҳои ашк ба рухсораш мерехтанд. Талх бо алам ва надомат мегирист. Дар дил нола мекард:
«Бубахшед маро. Ба қадри Шумо нарасидам. Дар ҳар як мулоқот мегуфтам, ки ба ноҳияи Тайлоқ меравем, ба соҳили наҳри Сиёб меравем, ёди айёми бачагӣ мекунем, ҷӯраҷон, сӯҳбат меороем. Ин ният ҳам аз бефарқӣ, лоқайдии ман сурат нагирифт. Ва дар дилам армон монд.
…Далер азбаски баробари Соҳиб дар техникуми хӯрокворӣ таҳсил дошту дар ҳавлии онҳо иҷоранишин буд, ба хонаи онҳо омада, бо вай шиносо гардида буданд. Онҳо дар айёми бачагӣ борҳо дар соҳили Сиёб нишаста, моҳигирӣ мекарданд, оббозӣ менамуданд. Азбаски ҳар ду ба адабиёт шавқу ҳавас доштанд, ҳар ду ҳам шеър менавиштанд. Соҳиб ба забони ӯзбекӣ ва тоҷикӣ, Далер ба забони тоҷикӣ шеърҳо эҷод мекарданд. Айёми бачагӣ гузашт, ҳар ду мактабро хатм карданд. Далер барои таҳсил ба Душанбешаҳр рафт, Соҳиб бошад, ба Тошканд. Ҳар ду шоир, рӯзноманигор гардиданд. Боз ба зодгоҳашон – Самарқанд омаданд. Дӯстии бачагӣ онҳоро акнун сахт пайваст карда буд.
… Далер роҳ мерафту байти пур аз сӯзу гудози шоирро ёдовар мегардид
Бигзор то бигирям чун абр дар баҳорон,
К‑аз санг нола хезад, рӯзи видои ёрон.
« – Худоё Худовандо, Маро бубахш барои ноаҳлӣ, барои он ки ба қадри меҳру меҳрубониҳои дӯстам нарасидам. Тавба, одамон, ман ҳам пиндоре дорем, ки умри бемарг мебинем. Ҳол он ки дунё бевафо будааст. Ана соати ҷудоӣ ҳам фаро расид, – дар дил мегуфт Соҳиб.
…Вай воқеаеро, ки ҳангоми кор дар Ширкати садо ва симои вилоят рух дода буд, ёдовар шуд ва боз ашки сӯзони ҳасратро бо пушти даст пок кард.
Далер кор наёфта, тибқи шартнома дар Донишгоҳи озоди Тоҷикистон воқеъ дар Панҷакент кор мекард. Рӯзе шунид, ки дӯсташ Соҳиб дар Ширкати садо ва симои вилоят муҳаррири барномаи тоҷикӣ шудааст. Далер ба идора занг зад ва овози шиноси дӯсташро шунид:
– О, ҷӯра дар куҷо мегардед? Шумо барои мо даркор. Як ба корхона биёед.
Далер ҳам, чуноне ки мегӯянд, «аз дӯст як ишорат, аз мо ба сар давидан» худи ҳамон лаҳза ба сӯи манзили Симо роҳ пеш гирифт. Соҳиб ӯро ба утоқи кори сармуҳаррир, ки ном Раҳмат Нозим буд, даровард… Бо шарофати Соҳиб Далер ба кор қабул гардид. Соҳиб муҳаррири калони барномаи тоҷикии «Фурӯғи зиндагӣ» буд ва Далер мухбир таъин шуд.
Аммо ин ҷо тавзеҳ мебояд дод, ки дӯстон феълу хӯи мухталиф доштанд. Агар Соҳиб чеҳраи кушод, табассуми малеҳ дошта, бо тамкину гаронбор бошад, Далер аз ҳар гуна сухани ноҷӯя оташин мешуд, тундмизоҷ буд. Шояд аз ҳамин сабаб ҳангоми кор дар байни онҳо гап гурехт.
Далер аризаро дар хусуси аз вазифа сабукдӯш шудан навишта, ба рӯи мизи дӯсташ гузошт. Соҳиб гуфт:
– Ҳаминро шумо мардӣ мегӯед-­а? Ман шуморо ба кор нагирифтаам. Ба калонҳо гап занед…
Далер ба хонааш омада, ба рӯйи кат дароз кашид. Сахт асабонӣ буд. Телефони хонааш пайи ҳам занг мезад, аммо вай медонист, ки ин зангзаниҳои дӯсташ аст ва аз ин рӯ, гӯшакро намебардошт. Танҳо шомгоҳон гӯшаки телефонро гирифт. Сармуҳаррир Раҳмат Нозим мегуфт:
– Э, Далерако, ариза навишта рафтаед. Нақшаҳои эҷодӣ калон буд-­ку…
Далер хомӯш буд. Сипас, боз овози пурбами сармуҳаррир ба гӯш расид:
– Агар як худатонро муҳаррири барнома таъин кунем, кор мекунед?
Далер гуфт:
– Агар ҳамин хел кунем, ҷӯраам бекор мемонад-­дия…
– Соҳибако бекор намемонад. Эшонро ба ҳайати таҳрири ӯзбекӣ ба кор мегузаронем.
Баъдтар маълум гардид, ки ин хоҳиши дӯсташ будааст. Далер аз ҷаҳлу ғазаб орӣ шуда, розигии худро изҳор кард. Ҳамин тавр, боз дӯстии Соҳибу Далер идома ёфт. Ана акнун…дӯсти содиқ, вафокеш, ҷавонмарди вай дар дунё нест. Вай ҳангоми шеърхонӣ сактаи дил шуда, аз минбар афтодааст ва дунёи фониро тарк гуфтааст, пас аз чанде вайро ба хок месупоранд ва онҳо дигар якдигарро то маҳшаргоҳ нахоҳанд дид.
…Ҳама аз қабристон рафтанд. Далер ба сари хоктеппаи қабри дӯсташ нишаста, мегиристу мегуфт:
– Соҳиб, ҷӯраҷон, маро бубахшед.
Ашки дидагонашро оби борон мешуст. Ва дар ин лаҳзаҳои пас аз ҷудоӣ худро чун одаме, ки дар биёбони сӯхтагиёҳ танҳо мондааст, эҳсос мекард…

Ӯктам ИБРОҲИМ.