Натиҷаи хуб ба кадрҳо вобаста аст

Натиҷаи хуб ба кадрҳо вобаста аст

Ба мактаби таълими умумии рақами 22-и ноҳияи Самарқанд чор сол боз Маҳчеҳра Сатторова роҳбарӣ менамояд. Мо оиди таълиму тарбия ва муаммоҳои соҳа бо ӯ сӯҳбат оростем.
– Дар мактаби мо қариб 1000 нафар талабаву толибагон мехонанд, – гуфт М. Сатторова дар оғози сӯҳбат. – Ба онҳо 60 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд. Худи ҳамин сол 16 нафар хонандагоне, ки аз ҳудуди мо рафта, дар мактабҳои шаҳр таҳсил мекарданд, баргашта омаданд. Ғунҷоиши мактаб ба 450 нафар пешбинӣ шудааст. Вале дар айни ҳол аз ин ду баробар зиёдтар хонандагон таҳсил мегиранд.
– Мактаб кай сохта шуда буд?
– Соли 1974. Тангии мактаб ба корҳои мо таъсири ҷиддӣ мерасонад. Мо ҳаракат карда истодаем, ки барои мактаб биноҳои иловагӣ сохта шаванд. Намедонам, ки имсол ба барнома медарояд ё не? Агар ба дастур надароранд, соли оянда мо дар се смена ба хонондани мактаббачаҳо маҷбур мешавем. Ҳудуду атрофи мактаб васеъ аст. Барои ҳамин, мо бисёр нақшаҳои хуб дорем. Агар он нақшаҳо дар амал иҷро шаванд, мактаб ба як гулистони илму адаб табдил меёбад. Барои ин падару модарон ёрӣ додан мехоҳанд. Лоиҳаи ободонии мактаб тайёр. Дар он гирду атрофи мактабро чӣ хел зебо мегардонем, таҳия шудааст.
Мактаби мо мактаби таҷрибавии шоҳмот аст. Дар ҳудуди мактаб «Боғи ҷавонон» ташкил карданием. Дар гирдогирдаш арчаву гул мешавад. Ҳавз дорад. Дар лавҳа ҳар хел панду ҳикматҳо мешаванд. Фаввора сохтанием, курсиҳо мемонем, ки дарсу машғулот дар боғ гузаронида шаванд. Дар даруни он тахтаи шоҳмот ва донаҳояшро ҷой медиҳем. Ин корҳоро дар давоми се сол иҷро кардан мехоҳем. Ҳамчунин, бунёди боғи устодон, гӯшаи тайёрии ҳарбӣ дар нақша аст. Гурӯҳҳои бардавом ташкил карданием. Яъне, бачаҳо сиҳату солим бошанд, дарсҳоро хуб аз худ кунанд ва дар оянда аъзоёни пешқадами ҷамъият шаванд.
– Албатта, инҳо нақшаҳои хубанд. Вале барои амалӣ гаштани ниятҳои нағз роли асосиро кадрҳои педагогӣ мебозанд?
– Ҳоло норасоии кадрҳо мушоҳида намешавад. Муаллимҳои пешқадам бисёранд. Ҳар сол дар мусобиқаву олимпиадаҳо иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Ба ғайр аз дарсдиҳӣ тадбиркорӣ пардадӯзӣ менамоянд. Салтанат Аҳмадова, кӯҳансол бошанд, ки ба талаботи замон пурра ҷавоб медиҳанд. Фирӯза Бурҳонова, Лайло Маматқулова, Дилшода Шукурова, Азиза Зокирова ва дигарон боиси ифтихори мактабанд.
– Донишазхудкунии хонандагон чӣ хел аст? Самараи меҳнати омӯзгоронро чӣ хел баҳо медиҳед?
– Корҳои назоратӣ мегирем, дарсҳои кушод мегузаронем. Ҳаминҳо натиҷаи хонишу дарсазхудкунии бачаҳоро нишон медиҳанд. Масалан, имсол ба фанни ҷуғрофия муаллимҳои ҷавонро ба кор гирифтем. Корҳояшон нағз. Дарсҳои кушодро хуб гузаронданд, ки мо қаноатманд шудем. Худдорӣ, идора кардани синф, дарсгузариашон писанд омад.
– Рейтинги мактаб дар ноҳия чӣ хел?
– Ҳозир, мисли рақами мактабамон дар мақоми миёна аст. Пештар дар даҳгонаи аввал меистодем. Имсол дар мусобиқаҳо иштирок карда бошем, ки гирифтани ҷойҳои намоён насиб накард.
– Ба фикри шумо, муаллимони мактаб аз гирду атроф бошанд беҳтар аст, ё аз ҷойҳои дуру бегона? Зан ва ё мард?
– Аз маҳаллаи худамон ё гирду атроф бошанд, албатта, нағз аст. Ба мо таъҷилан ҳар хел супоришҳо медиҳанд. Дар ин хел вақтҳо муаллимон зуд аз пайи кору супориш мешаванд. Ҳоло фақат 4 нафар муаллимон аз дигар вилоятҳо мебошанд. Албатта, муаллимони мард бештар бошанд, нағз аст. Мардҳо бошанд, аз дарсҳо ҷавоб гирифта рафтан кам мешавад. Чунки мардҳо кор мекунанд. Корҳои хона ба ӯҳдаи занҳо аст. Намегӯям, ки занҳо бад кор мекунанд, онҳо дарсҳояшонро аз таҳти дил гузашта, ҳуҷҷатҳои заруриро дар вақташ омода мекунанд. Вале ташвишу муаммоҳои занҳо бисёр аст. Ҳозир ҳама бисёр кор карда пули калон ёфтан мехоҳанд. Ин як ҳолати табиист. Вале бо вуҷуди он, ҳозир аз пушти пули калон не, ба сифати кор эътибор диҳем, натиҷаҳои хуб ба даст меояд. Барои ин сохтори кори мактабҳои олиро бояд дигар кард. Аз баъзе хатмкунандаҳо диктант гиред, 8-10-то хато мекунанд. Яъне, кадрҳои нағз бошанд, ба натиҷаҳои хуб соҳиб шудан мумкин аст.

Мусоҳиб Б.ҶУМЪАЕВ.