Маросими тӯй:  дар куҷо чӣ хел?

Маросими тӯй: дар куҷо чӣ хел?

  • Post category:Фарҳанг

Ҳар як миллату кишвар дар гузаронидани тӯйҳои никоҳӣ қоида, урфу одатҳои худро доранд. Ҳоло мо дар бораи анъанаҳои тӯёнаи чанд давлат маълумот медиҳем.

Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурияти Тоҷикистон низ қонуни «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» қабул гардидааст.Ташкили маъракаҳои фотиҳа, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак (бо иштироки дугонаҳои духтар), қудоталбон, тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори арӯс, ба истиснои тақдими тӯҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ карда шудааст. Тӯйи домодию арӯсӣ дар давоми на бештар аз ду рӯз бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои 200 нафар аз ҳисоби ҳарду ҷониб гузаронида мешавад. Маросимҳои домодталбон, арӯсталбон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки 15 нафар барпо мегардад. Маросими қайди давлатии ақди никоҳ дар мақомоти шаҳрвандӣ ва ҷамъомадҳо бо истифодаи на бештар аз 4-то автомашинаи сабукрав гузаронида мешавад. Тӯю маросимҳо дар рӯзҳои истироҳатӣ аз соати 08:00 то 23:00 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18:00 то 23:00 гузаронида мешавад. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар карда шудааст.

Амрико

Тӯйи мардумии амрикоӣ қоидаҳои ба худ хосро дорад, ки аз ҷашнҳо дар дигар кишварҳо фарқ мекунад. Амрикоиён барои гузаронидани маросими тӯй тайёрии ҷиддӣ мебинанд. Пеш аз тӯй сенарияи онро ба таври мукаммал фикр мекунанд. Навхонадорон барои бақайдгирии никоҳ пеш аз ҳама ариза навишта, боҷи муқаррариро медиҳанд. Яке аз анъанаҳои аҷоиби тӯйи амрикоиён гулпартоӣ мебошад. Арӯс гулро мепартояд ва дугонаҳо барои ба даст овардани он ҳаракат мекунанд. Бо назардошти хароҷоти баргузории ин маросими бошукӯҳ тӯй дар Амрико тақрибан 22 ҳазор доларро ташкил мекунад. Бидуни тағйир додани анъана падару модари арӯс тамоми хароҷотро ба ӯҳда мегиранд. Аз ин рӯ, шаҳомати тӯй аз андозаи буҷаи волидони арӯс вобаста аст.

Туркия

Мисли дигар кишварҳо, маросими туй дар Туркия аз имкониятҳои молиявии маҳалли зисти онҳо вобаста аст. Аммо меъёрҳои муқаррарии урфу одатҳо ҳастанд, ки навхонадорон онро бояд риоя кунанд. Дар Туркия аксар вақт рӯзи панҷшанбе тӯй мегузаронанд. Додани либосҳои гаронбаҳо одат шудааст. Аз ин рӯ, аксар вақт волидон ба ҷавонон калиди хонаи навро медиҳанд. Дар ин кишвар домод либоси арӯсро интихоб мекунад.

Таҳияи ШУКРОНА.