Коронавирус чист?  Он бо кадом роҳ ба инсон мегузарад?

Коронавирус чист? Он бо кадом роҳ ба инсон мегузарад?

  • Post category:Саломатӣ

Имрӯзҳо мо дар мамлакати Хитой ҳузури бемории нави вирусии бо ном «короновирус» ё «вируси тоҷдор»-ро мебинем, ки Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурусти (ТУТ) –ро ба ташвиш овардааст.
Тоҷвирус одам, гурба, парандаҳо, саг, ҳайвоноти калони шохдор, хук, заргӯшҳоро касал мекунад.
Номи вирус диққатҷалбкунанда аст. «Тоҷвирус» ба хотири он ном гузоштаанд, ки геноми ин вирус (геном – маҷмаи маводҳои ирсӣ) бо капсиди сафедаву чарбдори монандии сари сӯзанаки хордор иҳота шудааст, ки ба тоҷ монандӣ дорад. (Капсид ин пардаи болопӯши вирусро меноманд).
Тоҷвирусҳо узвҳои роҳҳои нафас, ҳозима ва асабро бемор мекунанд. Штамми вируси роҳҳои нафас 0С38, 0С43 ва аз шикам 229Е аст ва тоҷвируси нави Ухан (шаҳри маъмуриятии музофоти Хубэйи мамлакати Хитой), ки ҳоло дар шаҳри сераҳолии Ухани Хитой рух задааст, аз тарафи ТУТ чун 2019-nCOV ном гузошта шуд.
Моҳи декабри 2019 хурӯҷи бемории илтиҳоби шуш дар бозори маҳсулоти моҳипарварӣ авҷ гирифт ва якум бор дар тесткунии ҳомуз (кислота)-и нуклеинӣ намунаи мусбат аз бемори илтиҳоби шуш (пневмония) гирифта шуд. 20-уми январи 2020 дар музофоти Гуандуни Хитой гузариши ин вирус аз одам ба одам исбот гардид. То рӯзи 3-юми феврал дар 20 438 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, шумораи фавтидагон 425 нафарро ташкил кардааст.
Аломатҳои вирус
Аломатҳо (симптом)-ҳои ин беморӣ ба бемории илтиҳоби шуш (пневмония) ё синдром (маҷмаи аломатҳои беморӣ)-и вазнини шадиди роҳҳои нафас монанданд. Давраи инкубатсионӣ (то рух задани аломатҳои беморӣ) 6-12 рӯз аст. Агар вирус аз одам ба одам гузашта бошад, давраи инкубатсионӣ аз 5 рӯз зиёд нест. Аз ин вақт зиёд нишондоди сироят шудан аз ҳайвонот аст. Таҳлилҳои пешакӣ нишондоди онанд, ки мубталошавӣ ба беморӣ (контагиозностӣ) дар ҳолати мубошират бо бемор хеле баланд аст.
Зинаи баъди инкубатсионӣ аз бемории шадиди роҳҳои нафас сар шуда, оқибати он норасоии нафасгирии зудрави беназорат (дистресс-­синдроми роҳҳои нафас) мебошад, ки сабаби марг ҳисобида мешавад.
Тадқиқотҳои олимон нишон медиҳанд, ки сарчашмаи тоҷвирус маҳсулоти муши паррон ва мори хитойи ҷанубӣ будаанд, ки геноми онҳо ба геноми тоҷвирус монанданд. Рекомбинатсияи гомоглитӣ (мубодилаи нуклеотидҳои геном дар хромосомаҳои монанд) байни мори хитойи ҷанубӣ ва муши паррон ба вуқӯъ омадааст, чунки морон муши парронро шикор мекунанд ва ҳамин тавр ба якдигар муросои вирусӣ кардаанд. Ин навъи маҳсулот гӯшти муши паррон ва мор дар бозори маҳсулоти моҳии шаҳри Ухан ҳамчун ғизои экзотикӣ фурӯхта мешудааст.
Олимони Донишгоҳи Сан-­Паулу исботи тадқиқотгарони Хитойиро басанда намеҳисобанд, вале вирусологи Донишкадаи Пастери Шанхай – Цуй Цзе исботи он намудааст, ки дар хурӯҷи пневмонияи атипикӣ байни мушҳои паррони солҳои 2002-2003-юм чунин тоҷвирус муайян шудааст. Олимони дигари Хитой тахмин мекунанд, ки сабаби пайдоиши ин беморӣ мушҳои парронанд, ки геноми онҳо ба геноми тоҷвирус 96 фоиз якхелаанд.
Пешгирӣ ва табобати ин беморӣ:
ТУТ тавсия медиҳад:
– шустани тез-­тези дастон бо собун ва маҳсулотҳои спиртдор;
– дар ҳолати сулфа ва атса пӯшонидани даҳону бинӣ бо рӯймолчаи дастӣ;
– камтар мубошират кардан ё қатъи он бо беморони табу хунуксармодошта;
– манъи истеъмоли маҳсулоти гӯшти ҳайвони нодуруст пухта.
Бояд гуфт, ки ин бемории сироятӣ то имрӯз дар Камбоҷа, Ҳонконг, Макао, Тайван, Тайланд, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, ИМА, Ветнам, Сингапур, Непал, Фаронса, Австралия ва Малайзия ба қайд гирифта шудааст.

Таҳияи О.СОҲИБЗОДА.