Самарқанд қадамҷои Ҷомӣ ва Навоӣ

Самарқанд қадамҷои Ҷомӣ ва Навоӣ

  • Post category:Фарҳанг

Дар замони зиндагии Алишер Навоӣ шўҳратёртарин шоир ва олими адабиёти форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ низ зиндагӣ ва эҷод кардааст. Бо тақозои таърих ин ду мутафаккири бузург бо ҳамдигар дўст, ҳамфикр, устод ва шогирд буданд. Дўстӣ ва якдилии Навоию Ҷомӣ тимсоли дурахшони дўстию бародарии халқҳои ўзбеку тоҷик мебошад. Азбаски дар синну сол байни онҳо фарқ буд, лекин Навоӣ Ҷомиро дўсти қаринтарин, устод ва маслиҳатгўи хеш медонист. Ин ду симои бузурги маърифат аз он сабаб ҳам дўсти ҷонӣ буданд, ки табиати онҳо, муносибаташон ба одамон, ҷаҳонбиниашон, хуллас, тамоми сифатҳои инсониашон низ монанди якдигар буд. Агар ба тарҷимаи ҳоли Ҷомиву Навоӣ эътибор диҳем, маълум мегардад, ки барои то ба ин дараҷа расидани дўстиву равобити онҳо чандин омилҳое мавҷуд буданд. Шарқшиносон оиди ин мавзўъ як қатор рисолаву мақолаҳоро сомон додаанд. Муносибати байни ин ду шахси таърихӣ ҳоло аз масъалаи асосии омўзиши робитаҳои адабии адабиёти ўзбеку тоҷик қарор дорад.
Ин ҷо мо як омил ё ин ки тақозои дигареро мухтасаран баҳри дўстӣ ва рафоқати Ҷоимву Навоӣ собит намудан хостем. Ин ҳам бошад Самарқанд ва Ҷомиву Навоист.
Шаҳри Самарқанди бостонӣ бо биноҳои қадима ва бо ҳавои фораму боғҳои дилкушои худ дар тўли қарнҳо олимону адибон, шоирону носирон, мутафаккирону муаррихон, рассомону ҳофизонро мафтун намуда, ба сўи хеш кашидааст. Пойтахти салтанатии Темуриҳо – Самарқанд дар миёнаҳои асри XІV ва нимаи аввали асри XV ба дараҷаи олии тараққиёт ноил гашта буд. Ин «Сайқали рўи замин», ки чун яке аз марказҳои муқтадири илму фарҳанги дунё маҳсуб мешуд, ҷои истиқомат, таълимгоҳ ва мабдаъи эҷодии хеле ба хеле бузургони марзиву бурунмарзӣ гардид.

Чунончи, фарзанди барўманди ҳамин диёр академик Ботурхон Валихўҷаев дар мақолаи худ «Мадраса­ҳои давраи Улуғбек» аз муҳити илмиву адабии замони ҳукмдории Мирзо Улуғбек сухан ронда, таъкид намуда буданд, ки дар миёнаҳои қарни XV бисёр толибилмон, шоирону олимони ҷавон аз дигар кишварҳо ба Самарқанд омада, таҳсилу тадрисро идома додаанд. Аз ҷумла, Самарқанди замони Улуғбек давраи муайяни зиндагӣ ва камолоти симои дурахшандатарини маданияти Шарқ Абдураҳмони Ҷомӣ буд. Алишер Навоӣ барин мутафаккирони бузурги давр низ дар мадрасаҳои азими Самарқанд касби камол намуда, аз устодони бузург сабақ омўхтаанд.
«Бу шаҳарнинг қадим кўчаларидан юрилар экан, – менависад Ботурхон Валихўҷаев, — уларда Жомий ва Навоий овозлари эшитилгандек бўлади, табаррук пойқадамларининг излари тасаввур этилади ва бу заминда юриш нақадар шарафли эканини ҳис қилади киши». Мебинем, ки дар сари як мақсад Ҷомӣ ҳам, Навоӣ ҳам ба шаҳри Самарқанд рўй овардаанд. Масалан, Ҷомӣ баъд аз таҳсили илм дар Ҳирот барои такмил додани донишу маҳорати илмии худ ба Самарқанд шитофтааст. Мувофиқи ахбори ҷомишиноси машҳур Аълохон Афсаҳзод Ҷомӣ дар давоми зиндагии худ се маротиба ба Самарқанд сафар кардааст ва сафари аввалини ў тақрибан ба соли 1436 рост меояд. Маълум мегардад, ки ин ҷавони 22-23 сола дар Самарқанд бо устоди илмҳои дақиқ Қозизодаи Румӣ шинос шуда, аз ў ҳисоб, риёзиёт, нуҷум ва дигар илмҳои дақиқро аз бар мекунад. Дар тадқиқоти А. Афсаҳзод нишон дода шудааст, ки Ҷомӣ то соли 1452 дар Самарқанд мемонад ва пас аз он ба Ҳирот бармегардад. Ў дар мобайни 16 соли зиндагиаш дар ин шаҳри афсонавӣ бисёр илмҳои дунёвиро аз бар намуда, бо донишу маҳорати адабии худ байни мардум шўҳрат меёбад.
Аз манбаъҳо маълум мегардад, ки Ҷомӣ бори дувум соли 1465 ба Самарқанд омада будааст. Ў аз ин сафари худ мақсад дошт, ки бо пири тариқати нақшбандия Хоҷа Аҳрори Валӣ вохўрад ва аз сўҳбатҳои ў баҳраманд гардад. Ҷомӣ ҳангоми сафар як ғазале меофарад, ки байти мазкур аз таркиби он аст:
Ҷомӣ аз хоки Хуросон чӣ куни қасдӣ Ҳиҷоз,
Чун туро Каъбаи мақсуд ба Туркистон аст.
Аз ин мисраъҳо маълум мегардад, ки Ҷомӣ ба Самарқанд омадан ва зиёрат намудани онро мисли зиёрати «Каъбаи мақсуд» муҳим ва фарз донистааст. Зеро дар ин замини муқаддас қабри Имом Ал-­Бухорӣ барин муҳаддисон ва намояндагони бузурги дини ислом мавҷуд буд. Қадамҷойҳое мисли «Шоҳи Зинда» барои мардуми мусулмони тамоми олам маълум буд. Бинобар ҳамин ҳам зиёрат намудани ин шаҳрро аз мақсадҳои олии худ қарор дода, сўи он раҳсипор шудааст.
Ҷомӣ ин дафъа қариб шаш моҳ дар Самарқанд таваққуф менамояд. Ў ба мадрасаи Улуғбек, ки як вақтҳо толибилми он буд, бори дигар меояд ва ҷои мулоқоти ў бо Хоҷа Аҳрори Валӣ дар ҳамин макон муайян мегардад. Ҷомӣ бо ин устоди тариқат бештар доир ба ақоиди нақшбандӣ ва тарзи сайру сулуки он баҳсу сўҳбатҳо мекунад.
Аз манбаъҳо аён мегардад, ки Ҷомӣ соли 1479 маротибаи саввум низ ба Самарқанд сафар карда, бо Хоҷа Аҳрор вохӯрда будааст. Ў дар фурсати кўтоҳ бо ин роҳнамои тариқат ҳамсўҳбат шуда, боз ба Ҳирот бармегардад.
Таъкид ҷоиз аст, ки Ҷомӣ чӣ қадар барои камолоти рўҳонии хеш сўи Самарқанд ниёз дошта, зери таъсири ҳамин шаҳар ба зинаҳои болотарини илму адаб расида бошад, Алишер Навоӣ ҳам аз ин шаҳри бостонӣ ҳамон қадар таъсиру омилҳои рўҳафзо бардоштааст.
Мувофиқи ишорати адабиётшинос Воҳид Абдуллоев «Алишер Навоӣ моҳи ноябри соли 1465 аз Ҳирот ба Самарқанд омада, то моҳи апрели соли 1469 дар ин шаҳр истиқомат карда будааст». Албатта, пеш аз сафар муҳити илмиву шўҳрати мадрасаҳои Самарқанд ба ў маълум буд. Дар айни вақт шеърҳои Навоӣ низ байни мардуми Самарқанд паҳн гардида, номи ин шоири ҷавон бар забони ҳамагон буд. Адабиётшинос Воҳид Абдуллоев дар рисолаи худ «Навоий Самарқандда» сабабҳои ба Самарқанд рўй овардани Навоиро бо далелу бурҳонҳои қотеъ собит намудааст. Мувофиқи ахбори ў Алишери ҷавон дар аввалҳои ба Самарқанд омаданаш гармиву сардии мусофириро чандон чашида будааст. Зеро Мирзо Улуғбек, ки Ҷомӣ, Қосим Анвор ва дигар меҳмонони муборакҳузурро дар вақташ бо иззату икром пешвоз гирифта буд, дар давраҳои омадани Навоӣ мутаассифона дар қайди ҳаёт набуд. Ин тавр бошад ҳам, Навоӣ дар муҳити Самарқанд бо иқтидор ва заковати худ аввал диққати олими машҳури он давр Фазлуллоҳи Абўлайсиро ба худ ҷалб намуда бошад, сонитар ба назари дигар олимону адибони муҳити адабии Самарқанд намоён гашта, ҳатто ба ҳурмати ҳокими шаҳр Аҳмад Ҳоҷибеки Вафоӣ сазовор гардида будааст. Навоӣ чун писархонди оилаи олим Фазлуллоҳи Абўлайсӣ дар мадрасаи ў илмҳои фиқҳ, забоншиносӣ ва адабиётшиносиро хеле дақиқ аз бар намуд. Аз мударрисони мадрасаи Улуғбек Мавлоно Аълои Шошӣ ва Мавлоно Олими Самарқандӣ низ сабақ гирифт.
Навоӣ дар ҷараёни таҳсил шоҳасарҳои меъмории давраи Темуриҳоро бо чашми худ дида, аз онҳо дар ҳайрат афтодааст. Ў расадхонаи Улуғбекро зиёрат намуда, онро «Жаҳон ичра яна бир осмон» гўён тавсиф менамояд. Манзараҳои назаррабои Самарқанд, аз ҷумла, Кўҳак (Чўпонота), Конигил ва боғу сабзазорҳои соҳили дарёи Зарафшонро бо завқу шавқ тамошо карда, аз онҳо илҳоми тозае гирифтааст. Чунончи, дар мисраъҳои зерин аз ин таассуроти хеш бо ваҷд сухан рондааст:
Ҳамул пуштаеким Кўҳак топти исм,
Не пушта жаҳон ганжи узра тилисм.
Ушоқ тош анго лаълу инжу каби,
Яшил сабзаси чархи мину каби.
Ки мансуб эрур анга Кўҳак суйи,
Нединким эрур жорий андин қуйи.
Алишер Навоӣ дар ҷараёни таҳсил нафақат бо омўхтани илм, тамошои шаҳр машғул гардид, балки дар ин ҷараён фаъолияти адабии худро низ идома дода, ба забонҳои ўзбекӣ ва тоҷикӣ ғазалу муаммо, қасидаву маснавиҳо офарид, дар муошираҳои шеърӣ ширкат дошт. Маҳсули эҷодиёти индавринаи шоир сипас аз дохили девони аввалини ў «Бадое-­ул-­бидоя» ва девони форсиаш «Девони Фонӣ» ҷой гирифт. Муаммоҳои ба номи Аълои Шошӣ ва ҳунарманд Бобур баста, ғазалҳои ба Саид Ҳасани Ардашер бахшида, қасидаи «Ҳилолия»-и ба Ҳусайн Бойқаро бахшида навиштаи шоир мисоли равшани онҳост.
Таъкид ҷоиз аст, ки фаъолияти индавринаи шоир дар асарҳои даврони баъдӣ офаридаи ў, аз ҷумла дар маснавиҳои «Хамса», дар тазкираи «Маҷолис-­ун-­нафоис» ва ғайраҳо таъсири иҷобии худро гузошт. Дар натиҷа, ба қавли худи Навоӣ «Самарқанди фирдавсмонанд» ва тасвири манзараҳои атрофи шаҳр, зикри шахсони таърихии он – Мирзо Улуғбек, Риёзии Самарқандӣ, Мирзобеки Самарқандӣ, Фазлуллоҳи Абўллайсӣ, Хоҷа Хованди Абўллайсӣ, Муҳаммад Олими Самарқандӣ ва дигарон бо самимияти тамом оварда шудааст. Ин далел бар он аст, ки Навоӣ ҳамеша бо эҳтиром ёди Самарқанд намуда, бо намояндагони он равобити мус­таҳкам доштааст.
Мебинем, ки давраи истиқомати чӣ Навоӣ ва чӣ Ҷомӣ дар Самарқанд аз саҳифаҳои заррини умри ин бузургони мардуми ўзбеку тоҷик маҳсуб гаштааст. Аҷаб нест, ки Ҷомӣ ва Навоӣ борҳо дар сўҳбатҳои хеш аз саргузаштҳои мароқангези дар Самарқанд доштаашон бо ҳамдигар нақл карда бошанд, шояд дар ҳаққи ин «хонаву мактаби дувуминашон», ки давраи муайяни умри онҳо дар ин шаҳр гузашта буд, дуоҳои нек ба забон оварда бошанд.
Шаҳри Самарқанд ва тамоми мардуми Ўзбекистон ҳоло Навоӣ ва Ҷомиро қадр мекунанд. Солҳои наздик дар шаҳри Самарқанд дар мобайни кўчаҳои «Амир Темур» ва «Алишер Навоӣ», ки даромадгоҳи «Боғи истироҳатии ба номи Алишер Навоӣ» аст, муҷассамаи азими намояндагони адабиёти ўзбек ва тоҷик Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ба сифати рамзи дўстиву бародарии ин ду халқи бо ҳам хеш қад рост намуданд. Агар ба ин манзара эътибор диҳем, муҷассамаҳо дар назди кўчаи ба номи «Абдураҳмони Ҷомӣ», дар дохили «Боғи истироҳатии ба номи Алишер Навоӣ» ҷой гирифта, дар наздикии ҳамин боғ муҷассамаи асосгузори адабиёти форсу тоҷик Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, ки чанд сол пеш гузошта шуда буд, ба назар менамояд. Ба назар чунин менамояд, ки Самарқанд аз давраҳои қадим қадамҷои бузургон, макони дўстон ва ҷои омаду рафти зиёиён будааст.

Ҷумъа ҲАМРОҲ,
доктори илмҳои филология, профессор
Хайём МИРЗОЕВ,
докторанти кафедраи забон
ва адабиёти тоҷики ДДС
.