Тарғиботи Муроҷиатнома

Тарғиботи Муроҷиатнома

  • Post category:Ҷамъият

пайваста идома дорад

Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ба Олий Мажлис имрӯзҳо дар тадбиру сӯҳбатҳо аз ҷониби фаъолону депутатҳои Ҳизби демократии «Эҳёи миллӣ» васеъ тарғиб ва ба аҳолӣ расонида мешавад.
Ҷонишини раиси Шӯрои Марказии ҳизб, депутати Палатаи қонунгузории Олий Мажлис Алишер Ҳамроев ҳангоми вохӯриҳо бо аҳолӣ дар маҳаллаҳои Навзандак, Нурли йӯл, Узунқишлоқ, Давлатобод, Навбаҳор, Хӯжаюзи ноҳияи Тайлоқ вазифаҳои муҳими дар Муроҷиатнома нишондодашуда ва корҳоеро, ки иҷрои онҳо ҳатмист, таъкид намуд.
– Дар Муроҷиатнома ягон соҳа беэътибор намондааст. Тамоми ислоҳоту дигаргуниҳои дар асоси таклифу тавсияҳои Президент амалишаванда пеш аз ҳама барои хушбахтона зиндагӣ намудани мову шумо, гулгулшукуфии ватанамон хизмат мекунад, – гуфт депутат.
Инчунин, Алишер Ҳамроев дар вохӯриҳо дар бораи тартибу тамоилҳои Қарори Сенати Олий Мажлис ва Шӯрои Палатаи қонунгузорӣ аз 14-уми сентябри соли 2019 «Дар бораи боз ҳам такмил додани сохтори ба тартиб даровардани тӯйҳо, тантанаҳои оилавӣ, маърака ва маросимҳо» ва Низоми дар асоси он мураттабгардида ҳарф мезанад.
Таъкид гардид, ки ихчам гузаронидани тӯйҳо, роҳ надодан ба шӯҳратпарастӣ ва дабдабаи аз меъёр зиёд дар маросимҳои дафн, ҳурмат намудани урфу одат ва анъанаҳои халқ мувофиқи мақсад мебошад.
Дар аснои сӯҳбатҳо шаҳрвандон ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд. Тадбирҳои тарғиботӣ дар ҷойҳо идома дорад.

Хизмати ахбори
Шӯрои вилоятии ҲДЭМӮз.