Пункти такягоҳии аз ҳама намунавӣ аниқ гардид

Пункти такягоҳии аз ҳама намунавӣ аниқ гардид

  • Post category:Ҷамъият

Рӯзи 5 – уми феврал дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд маросими тақдирнамоии ғолибони зинаи вилоятии озмун – азназаргузаронии ҷумҳуриявии «Пунктҳои такягоҳи намунавии мақомоти корҳои дохилӣ» баргузор гардид.
Бино ба натиҷаҳои озмун пункти такягоҳи рақами 525 –и Ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи Ҷӯшотаи ноҳияи Қӯшработ ҷойи якумро гирифта, ҳуқуқи иштирокро ба зинаи ҷумҳуриявӣ ба даст овард. Лейтенанти калон Соҳиб Йӯлдошев 4 сол мешавад, ки дар вазифаи нозири профилактикӣ фаъолият дорад. Аз соли 2018 дар пункти такягоҳи рақами 525 – и маҳаллаи Ҷӯшота баҳри таъмини осоиштагии аҳолӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ҳиссаи муносиб ҳамроҳ карда меояд. Дар ҳудуде, ки ӯ хизмат мерасонад дар давоми соли 2019 ҷиноят қайд нагардид. Барои ҳамин, ин путкт дар вилоят пункти намунавӣ дониста шуд. Ҷойи дуюмро пункти такягоҳи рақами 134 –и маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Ҷомбой ишғол карда бошад, ҷойи сеюм ба пункти такягоҳии рақами 257 – и маҳаллаи Гирдиқӯрғони ноҳияи Нуробод насиб кард.
Дар тадбир ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов баромад намуда, оиди корҳои амалигардида дар бобати пешгирии ҷинояткорӣ, қонуншиканӣ ҳарф зад.
Таъкид гардид, ки дар вилоят бо мақсади ба аҳолии маҳалла наздик кардани нозирони профилактикӣ, пешгирии ҳолатҳои ногувор шумораи нозирони профилактикӣ аз 553 нафар ба 655 нафар расид. Пештар 404 – то пункти такягоҳӣ фаъолият дошта бошад, имрӯзҳо 527 такягоҳ кор мебарад. Соли гузашта ба туфайли додани эътибор дар 317 маҳалла (аз 1097) умуман ҷиноят қайд нагардид.
Дар тадбир ғолибони номгӯйҳои озмун аниқ гардида, ба онҳо тӯҳфаҳои ташкилотчиён супурда шуд.

Ҷамшеди АСРОР.