Дар тӯю маъракаҳо

Дар тӯю маъракаҳо

бе литсензия хизматрасонии санъаткорон манъ аст

Ҳозир ҳама аз рӯйи тартибу таомули нави гузаронидани тӯю маъракаҳо гап мезанад. Яке ин гӯяд, дигаре он. Хулоса, баробари гапу калочаҳои бисёр дар амал иҷрошавии танзими тӯю тантанаҳо ҳам бараъло намоён аст.
Мувофиқи маълумоти штаби комиссияи назоратии тӯй ва маросимҳо, тантанаҳои оилавии вилоят дар моҳи январ 355 тӯю тантанаҳо ба амал омадаанд. Танҳо ҳафтаи охири моҳ – аз рӯзи 25-уми январ то 1-уми феврали соли 2020 дар вилоят 59 тӯю маърака гузаронида шудаанд.
Ду маъракае, ки як ҳафта пеш маҳалларо хабардор накардаанд, аз тарафи инспексияи давлатии андоз ва Шӯрои маҳаллаҳои ноҳияи Тайлоқ боздошта шудаанд. Дар яктоӣ тӯйҳое, ки дар ноҳияи Нуробод ва Пахтачӣ баргузор гардиданд, меҳмонон аз меъёр зиёд будаанд. Дар 6 тӯй хизматкунии бе литсензияи санъаткор ва раққосаҳо аниқ карда шудаанд.
Талбони духтари сокини маҳаллаи Давлатободи ноҳияи Тайлоқ Тоҳир Йӯлдошев, ки дар ошхонаи маҳаллаи Украч гузарониданӣ буданд, манъ карда шуд. Бо 300 нафар гузаронидани тӯйи мучали сокини маҳаллаи Сазағани ноҳияи Нуробод Қ. Аҳмедов аниқ карда шуд. Тӯйи никоҳии фарзанди Ҷ. Расулов (сокини маҳаллаи Мубораки ноҳияи Тайлоқ) – А. Расулов ва арӯси ӯ, ки аз ақди никоҳи қонунӣ нагузашта буданд, боздошт гардид… Тӯйи никоҳии писари сокини шаҳри Самарқанд Х. Шафқатов аз сабаби ноболиғии арӯсшаванда манъ карда шуд.
28-уми январ сокини маҳаллаи Янгиариқи ноҳияи Булунғур Г. Исҳоқов дар тӯйхонаи «Райҳона» тӯйи никоҳии писарашро мегузаронд. Дар тӯй 200 нафар меҳмонон иштирок дош­танд. Вале бе литсензия хизматрасонии санъаткор Б. Сориев аниқ карда шуд. Ӯро вакили ноҳиявии «Ӯзбекконсерт» аз тӯй хориҷ гардонд ва ба ҷойи вай санъаткори литсензиядор Ф. Эргашев тӯйро гузаронд.

Б.РУСТАМЗОД.