Шавад най шаккару шаккар  шавад қанд

Шавад най шаккару шаккар шавад қанд

ё ки чаро одамон торафт бесабр мешаванд?

Шифохонаи бисёрсоҳавии вилоят. Новобаста аз барвақт будани рӯз аллакай дар қафои дари шифокори терапевт пирамарду пиразанҳо, ҷавонмардон, модарони кӯдакдор ҷамъ омада буданд. Аксари онҳо ба назар парешонҳол мерасиданд ва аз тарҳи рухсораашон пай бурдан душвор набуд, ки бо мушкиле ба шифохона омадаанд. Яке дар телефон сӯҳбат мекард, дигаре аз ҳамроҳаш ҳол мепурсид, саввумӣ фирефтаи хаёлот буд…
– Кӣ аз ҳама охир? – марде бо нигоҳи пурсиш ба одамони қафои дар муроҷиат кард.
– Ман, – гуфт зани қадпасти фарбеҳ. – Аз ман пеш вай марди шапкадор, – ба ҷавонмарде ишора кард.
– Пас аз Шумо ман, – гуфт мард ва дар қатор истод. Дере нагузашта ҷавонзане омад ва ба гурӯҳи одамон эътибор надода, аз байни онҳо ҷониби дар ҳаракат кард. Зани қадпасти фарбеҳ ин рафтори ӯро дида, бо овози баланд гуфт:
– Ҳа, духтарам, куҷо?
– Ба духтур саволе дорам, – ҳаракатро ба пеш давом дода, бепарвоёна гуфт.
– Ҳамаи мо ба духтур кор дорем, – аз дасти ҷавонзан кашид ва оташин илова кард:
– Ҳеҷ кас дар ин ҷо беҳуда намеистад. Дар навбат истед.
– Кори зарурам буд. Тез мебароям.
– Ҳама кор дорад, келинпошшо. Дар ҳама хонаву ҷой ҳаст, кору бор ҳаст. Дар ин ҷо бобою бибӣ, занони бачадор ҳам дар навбат истодаанд. Сабр кунед, навбататон ояд медароед.
Ҷавонзан ноилоҷ қафо гашту аз одамон дуртар рафт ва ба касе занг зад. Аз оҳанги гуфтораш аён буд, ки асабонӣ мешавад. Телефонро хомӯш карду ба дар наздиктар омад. Нигоҳҳои ҷавонзан нигоҳҳои рӯбоҳеро мемонд, ки нақшаи фиребро мекашид, то чорае ёфта ба дарун дарояд. Даме нагузашта садои телефонаш баланд шуд. Ҷавонзан дубора аз одамон дуртар рафт. Ин дафъа сӯҳбати онҳо зуд анҷом ёфт ва фурсате нагузашта аз дарун ҳамшираи шафқат баромада овоз баланд кард:
– Соатова…
– Ман, – телефонашро ба ҷайб андохта, ба дар наздик шуд ҷавонзан.
– Биёед, дароед, – гуфт ҳамшира ва ба эътирози одамон эътибор надода, ӯро ба дарун даровард…
Афсӯс, ки дар ҳаёт бо чунин ҳодисаҳо бис­ёр рӯ ба рӯ мешавем ва аҷаб нест, аз сар низ гузаронида бошем. Гоҳо аз беадолатӣ эътироз кунем, аксар вақт аз ноилоҷӣ хомӯш мемонем. «Ҳар кас тавонад, дар намонад» гуфта, худро таскин медиҳем. Оё ин рафтор дуруст аст?
– Чанд сол боз ҳамчун нотариус кор мекунам, – гуфт нотариуси Идораи давлатии нотариалии рақами 1-и шаҳри Самарқанд Комила Раҳимова. – Ҳар рӯз корафтодагони зиёд бо масъалаҳои гуногун меоянд. Аз тарзи гуфтору рафтори онҳо пай бурдан душвор нест, ки аз кадом қишри ҷомеа ҳастанд. Гоҳо мизоҷоне меоянд, ки дар қабули шумо дигар одам бошад ҳам, бе ибо медароянд ва хоҳиш мекунанд, то корашонро зудтар ҳал кунед. Агар гӯед, ки «навбат гиред», шитоб доштанашонро ва ҳазор баҳонаи дигарро пеш меоранд. Ноилоҷ дағал мегӯед ва аз ин зуд лаб ба шиква кушода, ҳатто дашном медиҳанд. Тӯли фаъолият пай бурдам, ки одамон сол то сол бесабр мешаванд. Аксарият мекӯшанд, ки пеш аз ҳама кори онҳо ҳал шавад. Манфиати худро аз ҳама чиз боло мегузоранд ва барои дар фурсати кӯтоҳ, пеш аз ҳама ҳал кардани кори худ, ба ҳама кор омодаанд. Ҳатто ба додани пора ҳам.
Бояд гуфт, ки дар навбат истодан ҳам аз сатҳи маданият ва маърифати одам гувоҳӣ медиҳад. Шахсе, ки худро эҳтиром мекунад, албатта дар муносибат бо атрофиён низ одобро нигоҳ медорад ва намехоҳад, боиси ранҷурии хотири дигаре гардад. Дар навбат истодан аз одам пеш аз ҳама сабр, иродаи мустаҳкамро талаб мекунад ва аз доираи сабр берун по ниҳодан, ин ба ҳаққи дигаре ноадолатӣ мебошад.
– Ман бо масъалаҳои гуногун борҳо ба ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ муроҷиат кардам, – гуфт ронанда аз шаҳри Самарқанд Санъат Зарифов. – Хурсандиовар аст, ки дар баъзе корхонаву ташкилотҳо навбати электронӣ ба роҳ монда шудааст. Лекин дар аксари муассасаҳо вайрон гардидани навбатро мебинем. Дар баъзе шифохона ва корхонаҳо худи корафтодагон рӯйхат тартиб дода, аз рӯйи он амал мекунанд. Аммо гоҳо баъзе одамони «шохдор» ба навбат эътибор намедиҳанд. Агар пеши роҳи онҳоро гиред, зуд ба тағо ё амакашон, ки дар «боло» кор мекунад, занг мезананд. Бинед, ки пас аз чанд дақиқа худи роҳбар ё коргузорони ӯ «шохдор»-ро бенавбат қабул мекунанд. Агар аз тарафи калонсолон, ки солхӯрдаанд ва зуд хаста мешаванд, навбат вайрон шавад, фаҳмидан мумкин аст. Мутаассифона дар аксар маврид ҷавонон ба навбатдорӣ муносибати беписандона доранд.
Саволи барҳақ ба миён меояд: чаро одамон сол то сол бесабр мешаванд? Манфиати шахсии худро, аз манфиати ҷамоатӣ боло мегузоранд? Сабаби ин дар чист? Магар яке аз сабабҳо гум шудани ҳурмати байниҳамдигарӣ ва дар ҷомеа реша давондани иллати иҷтимоӣ – коррупсия нест?
Хонандаи, азиз! Тасаввур кунед, ки Шумо бо чунин ҳол рӯ ба рӯ омадед. Чӣ кор мекунед? Ҷавоби шумо аниқ аст: сабр карда, навбати худро интизор мешавед. Дуруст мекунед. Чунки агар акси инро кардед, дар назари одамоне, ки дар пушти дар ҷамъ омадаанд, чун дев менамоед ва ҳамаи онҳо дар ҳаққи шумо (дар дилашон бошад ҳам) дашному лаънат мегӯянд. Ва бар замми ин дар бораи падару модаратон низ фикрҳои «нағзу пурмағз»-ро дареғ намедоранд.
Бинобар ин, дар ҳар кор босабр бошем ва эҳтироми байниҳамдигариро гум накунем. Бадриддин Ҳилолӣ беҳуда нагуфтааст:
Ба сабр аз корҳо берун равад банд,
Шавад най шаккару шаккар шавад қанд.

Фаридуни ФАРҲОДЗОД.