Коғази самарқандӣ чӣ хел тайёр мешавад?

Коғази самарқандӣ чӣ хел тайёр мешавад?

  • Post category:Иқтисод

Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят қариб 2500 нафар ҳунарманд дар 34 самт кор мебаранд. Онҳо анъанаи неки «Устоду шогирд»-ро ба роҳ монда, ба беш аз 4400 нафар шогирдон асрори ҳунар меомӯзонанд. Яке аз чунин ҳунармандони ботаҷриба Зариф Мухторов мебошад.
Дар корхонаи хусусии «Конигил мерос»-и ноҳияи Самарқанд, ки ин марди кордону ӯҳдабаро роҳбарӣ мекунад, зиёда аз 10 нафар ҷавонон бо кор таъминанд. Дар ин ҷо коғази абрешимини самарқандиро аз пӯсти сафеди химчаи дарахти тут тайёр мекунанд. Ҷилди қаҳваранги ин чўб барои сохтани муқова ва баъзе маҳсулоти дигари армуғонӣ ба кор меравад…
– Ин коғаз дар замони қадим низ дар деҳаи Конигил, лаби ҷӯйи Сиёб истеҳсол мешуд, ки роҷеъ ба ин дар асари «Бобурнома»-и Заҳириддин Муҳаммад Бобур навишта шудааст, – гуфт ҳунарманд З. Мухторов. – Соли 1998 бо ёрии осиёби обӣ, бо усулҳои қадимӣ омода кардани ин коғазро ба роҳ мондем. Адади одамоне, ки ба коғази Самарқанд ва тарзи омодасозии он таваҷҷӯҳ доранд, сол то сол зиёд мешавад. Имрӯзҳо аз ин коғази қадимӣ 50 намуди ашё ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тайёр карда мешавад.
Раванди омодасозии коғаз аҷиб аст. Ҳар як кор бо даст иҷро мешавад. Имрӯзҳо корхона ба объекти сайёҳӣ табдил ёфтааст. Барои тамошои раванди истеҳсоли коғази Самарқанд на танҳо сайёҳони маҳаллӣ, балки хориҷиён низ зиёд меоянд. Онҳо баробари тамошои омодасозии коғази самарқандӣ, аз бозичаҳо, дафтарчаи кисагӣ, либос, ниқоб, сумкачаи бонувон, ки аз коғаз тайёр карда шудаанд, мехаранд.
Аз асрҳои қадим се навъи коғази самарқандӣ маълум буд. Навъи беҳтарини он коғази абрешимин ном дошт, ки аз лоси шоҳӣ тайёр мекарданд ва рангаш зардча буд. Навъи дуюмро нимкатонӣ мегуфтанд, зеро ҳангоми омодасозӣ ба он нахи катон илова менамуданд. Навъи сеюмаш аз хамираи латтапораҳои кӯҳнаи пахтагин истеҳсол карда мешуд, ки сифати он аз коғази абрешимӣ пасттар буд.

Умед ҲАКИМОВ,
сарвари Садорати ҳудудии
Иттиҳодияи «Ҳунарманд»-и вилоят
.