Ҳангоми бунёди роҳ ва кӯпрукҳо

Ҳангоми бунёди роҳ ва кӯпрукҳо

ба талабҳои шаҳрсозӣ бояд риоя кард

Дар Садорати сохтмони вилоят доир ба бунёди кӯпрукҳои замонавӣ, пайроҳаҳои зеризаминӣ ва роҳҳои автомобилгард дар Самарқанд тақдимоти лоиҳаҳои ширкатҳои Франсия ва Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардид.
Дар тадбир ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов иштирок кард.
– Дар лоиҳаҳои мо обод кардани 11,8 километри кӯчаи Гагарин ва 2,3 километри кӯчаи Амир Темури шаҳр ва сабзазор намудани атрофи онҳо ифода гардидааст, – гуфт менеҷери лоиҳаи ширкати “ССС” дар Самарқанд Незар Атия. – То ҳол корҳое, ки бояд иҷро шаванд, пурра омӯхта шуданд ва лоиҳаҳо таҳия гардиданд. Имрӯз барои мутахассисони маҳаллӣ дар бораи корҳое, ки иҷро мешаванд ва доир ба намуди кӯчаҳо пас аз ду сол, яъне баъди дар амал татбиқ гардидани лоиҳа, тақдимот ташкил кардем.
Дар тадбир ҳокими вилоят Э.Турдимов аз рӯйи лоиҳаҳо таклифҳои худро пешниҳод кард.
Зикр гашт, ки ҳангоми бунёди роҳҳо, кӯпрукҳо ва пайроҳаҳои зеризаминӣ ба талабҳои шаҳрсозӣ ва дар раванди вайрон кардану ба тартиб овардани иморатҳои ду тарафи роҳ ба меъёрҳои қонунгузорӣ риоя карда шавад.
Дар анҷом Э.Турдимов бо шароитҳои кор дар Садорати сохтмони вилоят шинос гардид.

Мухбири рӯзнома.