Тафовути байни муроҷиатҳо

Тафовути байни муроҷиатҳо

назаррас аст

Ҳокими вилоят Э. Турдимов қариб ҳар ҳафта қабули сайёр мегузаронад. Қабули навбатӣ 10-уми феврали соли равон дар шаҳраки Гӯзалкенти ноҳияи Пастдарғам баргузор гардид. Дар он беш аз 370 муроҷиат ба қайд гирифта шуд.
Ҳамон рӯз аз пагоҳӣ борон борид. Вале ин ба шумораи муроҷиаткунандагон таъсир накард. Дар байни муроҷиатҳо баробари масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодие, ки ба қишлоқе, мавзее ё ки сокинони ҳудуде тааллуқ доштанду вақти ҳалли онҳо кайҳо расидааст, арзҳое низ буданд, ки онҳоро дар сатҳи маҳалла ё ки ноҳия бемалол ҳал кардан мумкин аст. Мисол, нафақахӯре барои гирифтани роҳхат ба истироҳатгоҳ ёрӣ пурсид. Бе ҳеҷ шубҳа вай ба муроҷиат кардан ҳуқуқ дорад. Вале арзи ӯро роҳбарони маҳаллӣ низ метавонанд ҳал кунанд.
Дар рафти қабули сайёр яке аз масъалаҳое, ки бештар муроҷиат карданд, муаммои оби ошомиданӣ буд. Ҳокими вилоят ба роҳбари корхонаи вилоятии унитарии давлатии «Сувоқова» пурра омӯхтани ҳудудҳоеро, ки ба таври марказонида бо оби нӯшиданӣ таъмин нашудаанд, супориш дод. Яъне, роҳи ҳалли муроҷиатҳое, ки асос доранд, ҷустуҷӯ карда мешаванд. Тафовути байни ин муроҷиатҳо калон, албатта. Баробари ҳамин муроҷиатҳо дар бораи таъмин кардан бо кор ё ки душвории вазъи иқтисодии оила низ кам набуданд. Вале айнан дар ҳудуди шаҳраки Гӯзалкенти ноҳияи Пастдарғам аксарияти оилаҳо 30-40 хол замини наздиҳавлигӣ доранд, ки чунин хонаводаҳоро оилаҳои камтаъминшуда гуфтан мумкин нест.
Ба онҳо дар истифодаи самараноки замин, гирифтани кредит маслиҳат ва ёрӣ додан лозим аст. Ҳалли муроҷиатҳои дигар, аз қабили додани қитъаи замин барои сохтмони хонаву ҷой низ фаҳмонида шуд. Ҳоло чунин қитъаҳои замин танҳо ба воситаи тиҷоратӣ музояда (ауксион) фурӯхта мешаванд. Ин фикрро ҳокими вилоят дар ин қабули сайёр низ хотиррасон кард.
Хулоса, вақти он расидааст, ки масъулони идораҳои маҳаллии давлатӣ ва намояндагони халқ тартиби ҳалли муаммоҳои аҳолиро ба низоми муайян биёранд. Ва аҳолӣ низ дарк кунад, ки ба кӣ бо кадом масъала бояд муроҷиат кард.

Тошқул АЗИМОВ.