То кай занҳо фармондеҳу мардҳо иҷрочии фармон шуда мемонанд?

То кай занҳо фармондеҳу мардҳо иҷрочии фармон шуда мемонанд?

  • Post category:Ҷамъият

Моҳи дуввуми амали Қарори муштараки Шӯрои палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Низом «Дар бораи тартиби гузаронидани тӯю ҳашамҳо, тантанаҳои оилавӣ, маърака ва маросимҳо, тадбирҳои бахшида ба хотираи марҳумон» оғоз ёфт. То саршавии соли нави 2020 бо мақсади фаҳмондадиҳии мақсаду моҳияти он дар маҳаллаҳои вилоят 1740 маротиба вохӯриҳо ташкил карда шуданд. Дар онҳо 784376 нафар аҳолӣ иштирок карданд. Ҳоло тӯйҳо нисбати фаслҳои тобистону тирамоҳ каманд. Вале маросимҳои мотамӣ вақту соат надорад ва ба одамон вобаста нестанд. Онҳо қариб, ки мувофиқи низом мегузаранд. Баъди бегоҳи се рӯзҳои якшанбеву панҷшанбе бибихалифаву муллоҳо дида намешаванд. Фотиҳахонҳо аз оятҳои Қуръон худашон қироат мекунанд ва ба рӯҳу арвоҳи марҳум мебахшанд.
Мардуми оддӣ ҳама тарафдори камхарҷу бедабдаба гузарондани тӯйҳоянд. Хароҷоти барзиёди миёншикан ба ҳеҷ кас лозим нест. Вале бо тартибу низоми нав гузаронидани тӯйҳо, ки солҳои зиёде боз давом мекард, мардум одат кардаанд.

Рашид ТӮРАЕВ,
ҷонишини раиси Хазинаи
ҷамоатӣ-­хайриявии «Маҳалла»-и ноҳияи Ургут:

– Низоми батанзимдарории тӯю маърака ва маросимҳои мотам айни муддао аст. Мо онро дар тамоми 102 маҳаллаи ноҳия тарғибу ташвиқ кардем, моҳияти онро ба мардум фаҳмондем. Серхарҷу пурдабдаба гузаронидани тӯю маъракаҳо ба халқ вазнин аст. Чизу чора ва маблағи солҳои дароз ҷамъкардаашонро дар як-­ду рӯз барбод медиҳанд. Баъзеҳо ба қарз меғӯтанд. Барои кандани қарз ба хориҷа мераванд. Қисми зиёди ҷангу ҷанҷолҳо, аз якдигар ҷудошавии навхонадорон аз ҳамин сабаб ба амал меоянд. Халқи оддӣ тарафдори ихчаму пурмазмун гузарондани тӯйҳоянд. Вале баъзе одамони дорову калтафаҳм низ ҳастанд, ки обрӯву иззатталошӣ мекунанд. Ман гумон мекунам, ки ҳар як иқдоми нав душвориҳо дорад ва якбора ба амал ҷорӣ кардани онҳо мушкил аст. Агар худи мо намунаи ибрат шавем, назорати ҷамоатиро пурзӯр намоем, оҳиста-­оҳиста ҳамааш ба меъёр медарояд.

Хосият РУСТАМОВА,
мутахассиси кор бо занон ва мустаҳкамсозии арзишҳои маънавӣ ва ахлоқӣ дар оилаҳои маҳаллаи Андиҷонии ноҳияи Самарқанд:

– Дар рафти муҳокимаи низом баҳсу мунозираҳо авҷ мегирифтанд. Дар онҳо таъкид мегардиданд, ки солҳои охир дар гузарондани тӯю маъракаҳо нақши мардҳо торафт коҳиш меёбанд. Ҳамеша гуфтаву хоҳишҳои занон амалӣ мегарданд. Мо фикру мулоҳизаҳои аксариятро шунидем. Барои ҳамин, бо мақсаду пешгирии тӯю маъракаҳои серодаму пурдабдаба ва пурхарҷу исрофкорона 8 нафар занҳои ташаббускори 8 кӯчаи асосии маҳалларо шахсони масъули назорати маъракагузарониҳо интихоб кардем. Онҳо назорати қатъӣ мебаранд. Бо мақсади дар амал иҷро шудани нишондодҳои низом ҳатто як тӯйи арӯсиро, ки камтар аз 200 нафар меҳмонон иштирок карданд, хотирмону пурмазмун гузаронидем.

Масъуда АТОЕВА,
соҳибхоназан, сокини маҳаллаи
Сулфакабудаки ноҳияи Самарқанд:

– Низоми ихчамгардониву пурмазмун гузаронидани тӯю маъракаҳоро қабул карданд, ки аз ин бисёр хурсандем. Кайҳо вақти пеши роҳи ин гуна дабдабабозиҳоро гирифтан лозим буд. Чанд сол пеш дар Тоҷикистон ҳамин хел қонуни танзими тӯю маъракаҳоро қабул кардаанд, ки ҳоло мардум ҳама миннатдоранд. Ман ҳам тарафдори низом ва ихчаму камхарҷ гузаронидани тӯю маъракаҳо ҳастам. Фақат: ҳозир меҳру оқибат дар байни мардум кам гаштааст, баъзе хешу таборҳо ҳатто ба хонаи якдигар рафтуомад надоранд. Танҳо тӯю маъракаҳо ба одамон имкон медиҳанд, ки ду-­се соат якдигарро бинанд ва ба дидори якдигар мушарраф шаванд. Бигузор бо баҳонаи тӯю маърака риштаҳои хешу таборӣ мустаҳкам шавад.

Тӯрақул НАИМОВ,
нафақахӯри Ҷарқишлоқи ноҳияи Самарқанд:

– Таваллуд қосиди марг аст. Мурдан дар пешонаи ҳар як кас навишта шудааст. Дар рӯзи мотам хароҷотҳои барзиёд ва оростани дастархонҳои пурнозу неъмат бидъат мебошад. Мардҳо инро фаҳманд ва аз рӯйи низом амал намоянд, ки занҳо не. Чунки гурӯҳ-­гурӯҳ ба фотеҳахонӣ меоянд, дар сари дастархон мешинанд, хоҳанд-­нахоҳанд, ки барои ҳар кадоми онҳо хӯроки гарм пешкаш мекунанд. Инҳо лозим нестанд. Пул додани занҳо ва бо дастовез омадани онҳо низ бояд барҳам хӯранд. Ба маит дуои фотиҳаву ба аҳли оилаи мусибатрасида тасаллӣ додан кифоя аст.

Фароғат ШОКИРОВА,
мутахассиси Хазинаи ҷамоатӣ-­хайриявии
«Маҳалла»-и вилоят:

– Баъди ба амал даромадани низоми аз рӯйи тартиби гузарондани тӯю маъракаҳо пешравиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд. Ман инро дар мисоли 36 маҳаллаи шаҳр, ки махсус дар байни занҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ бурдем, мушоҳида кардан мумкин аст. Ба чашм ноаён бошад, ки дар сари тамоми маъракаҳо занон меистанд. Худи занҳо мепурсанд, ки акнун ба ангуштариву ҳалқаҳои тиллогузаронӣ ба хешу табори арӯс ё тарафи домод барҳам дода мешавад ё не? Онҳо инчунин зидди пардадӯзӣ ва мебелҳо мебошанд. Охир ин чӣ гап-­а? Баъзе домодҳои беор ба тарафи духтар харидани ин ё он хел кату курсӣ ё ҷевонҳоро мефармоянд. Мо ба комитети зану духтарони шаҳр муроҷиат кардем, ки барои барҳамдиҳии ба тарафи домод фиристодани мебелу ҷиҳоз ташаббус нишон диҳанд. Мардуми мо баору боандеша. Ҳама ба якдигар менигаранд. Яке ин хел тӯй гузаронад, мо аз онҳо кам не мегӯянд. Духтарҳо ҳам орзую армонҳои худро доранд. Дар либоспӯшиву карвони мошинҳо аз дигарон кам будан намехоҳанд. Ҳама ба одамони бою доро менигаранд, ки онҳо маъракаҳояшонро чӣ хел мегузаронанд ва ба ҳамон нигариста, рафтор мекунанд. Бисёр чизҳо ба занҳо вобаста аст. Аз ҳама душвории тӯйи арӯсӣ ба тарафи духтардор меафтад. Баъди хостгорӣ ноншиканон, парчабурон, фотиҳа ва баъди тӯй ҳисоб карда баромадем, 11 анъанаро ба ҷо овардан лозим меомадааст. Ҳамаи инҳоро табъи дил ва бекаму кост гузаронидан худ аз худ намешавад. Ана ҳамин тӯйҳои серхараҷоту пурдабдаба боиси ҷудошавии оилаҳои ҷавон мегарданд. Мо пеши онҳоро нагирем, бар зарари худи мост.
Бояд гӯем, ки дар зарфи як моҳи гузашта дар вилоят 355 тӯю маърака гузаронида шудаанд. 347-тои онҳо дар базмгоҳҳо ва 8-тоаш дар хонадонҳо шуда гузаштанд.

Б.ҶУМЪАЕВ.