Чорводорӣ: онро чӣ хел ривоҷ медиҳанд?

Чорводорӣ: онро чӣ хел ривоҷ медиҳанд?

Нозироти назорати маҷмӯи агросаноати назди Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон барои таъмини иҷрои қарори Президент аз 18 – уми марти соли 2019 «Дар бораи чораю тадбирҳои боз ҳам ривоҷдиҳии сохтори чорводорӣ ва дастгирии он» таҳти рақами ҚП – 4243 кор мебарад. Дар он эътибори асосӣ ба хизматрасонии сервис ба сохтори чорводорӣ, бо молҳои зотдор таъмин намудани хоҷагиҳои фермерӣ, ташаккули пойгоҳи озуқа, бо роҳи сунъӣ бордор кардани говҳо нигаронида мешавад.
Имрӯзҳо дар вилоят 336 адад нуқтаи ветеринарӣ, 260 адад маскани бо роҳи сунъӣ бордор кардани молҳо фаъолият нишон медиҳанд. Соли гузашта ба миқдори 399880 тухмӣ оварда, 264300 сар гов бо роҳи сунъӣ бордор карда шудаанд.
Аз Германия ба хоҷагии фермерии наслпарварии «Шариф чорва насл»-и ноҳияи Самарқанд 31 сар моли зотдори «Симментал» оварданд.
– Говҳо дар давоми 21 рӯз дар карантин шуда, корҳои аз онҳо гирифтани насли босифат ва парваришкунӣ оғоз гардид. Имрӯзҳо дар 38 хоҷагии фермерии ноҳияи Самарқанд 3434 сар моли шохдори калон парвариш карда мешавад. Бо мақсади беҳ сохтани насли молҳо 20 адад пункти зооветеринарӣ ташкил гардида, дар давоми соли гузашта Иттиҳодияи насли чорвои вилоят барои хоҷагиҳои тоифаҳои гуногун 7756 сар тухми сунъӣ овард, 5506 сар гов ба роҳи сунъӣ бордор гардид, – гуфт сардори шӯъбаи нозирот дар шаҳри Самарқанд Саъдулло Узоқов.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо аз ҷониби мақомоти нозирот ба сохтори чорводорӣ, сервиси хизматрасонии зооветеринарӣ, хизмати таъмини озуқа, интихоб ва коркард, фурӯш, хизматҳои сервиси техникӣ, хизматҳои ахбор, консалтинг ва инноватсионӣ дар ҳолати таҳлили нишондиҳандаи маҳсулдории чорво ба назорати доимӣ гирифта шудааст.

Хизмати ахбори садорати вилоятии «Ӯзагроинспексия».