Вохӯриҳои фаромӯшнашаванда

Вохӯриҳои фаромӯшнашаванда

Чанде пеш дар мактаби мо вохӯрии шавқовар баргузор гардид. Ба мактаб ҷонишини вазири таълими халқи Ҷумҳурият Д. Кенҷаев, ҷонишини ҳокими вилоят Р. Қобилов, сарвари Садорати таълими халқи вилоят С. Усмонов ва саримом-­хатиби вилоят З. Эшонқулов ташриф оварданд.
Онҳо бо шароитҳое, ки барои дониш­омӯзон муҳайё карда шудааст, раванди дарсҳо шинос шуда, бо хонандагони синфҳои болоӣ сӯҳбат карданд.
Инчунин, дар бораи ислоҳотҳое, ки зери роҳбарии Президенти мамлакат амалӣ мешаванд, таълиму тарбия, одобу ахлоқи хонандагон ва дигар масъалаҳо ҳарф заданд.
Ба саволҳои хонандагон ҷавоб дода, дар бораи мактаби Темурбекҳо, донишгоҳҳои ҳарбии мамлакат маълумот доданд.
Сӯҳбат ба хонандагони мактаб таассуроти фаромӯшнашаванда гузошт.

Салоҳиддин ИБРОҲИМОВ,
омӯзгори мактаби таълими умумии рақами 122-и ноҳияи Ургут
.



Дар мактаби таълими умумии рақами 122-и ноҳияи Ургут гузарондани вохӯриҳои донишомӯзон бо олимон, тадбиркорон ва вакилони соҳаҳои дигар анъана шудааст.
Ба наздикӣ вохӯрии ҷамоаи хонандагон ва муаллимони мактаб бо устодони Донишгоҳи давлатии Самарқанд, профессор Ф. Набиев ва номзади фанҳои биология А. Раҷабов барпо гардид.
Меҳмонон дар бораи муваффақиятҳои мамлакат дар солҳои охир, навгониҳои сохтори таълим, тартибу қоидаҳои нави ҳуҷҷатсупорӣ ба донишгоҳҳои олӣ, вазифаҳои хонандагон, аҳамияти мутолиаи китоб дар афзудани сатҳи маънавияти ҷавонон ҳарф заданд.
– Аҳамияти мутолиаи адабиёти бадеиро дар рушду камолоти маънавии инсон аз замонҳои қадим олимон, мутафаккирон, файласуфон ва шоирону нависандагони бузурги олам таъкид кардаанд, – гуфт профессор Фарҳод Набиев. – Аз рӯйи, натиҷаи пурсишҳои сотсиологӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон муайян гардидааст, ки имрӯз китобхонӣ барои ҷавонон фаъолияти чандон шавқовар ба ҳисоб намеравад. Онҳо аз китобхонӣ дида, бештар ба телевизору компутер, филмҳои видеоии аҳамияти таълимию тарбиявӣ ва эстетикиашон хеле кам, ки бо мақсади тиҷорат ва ба даст овардани фоида паҳн мешаванд, рағбат пайдо карда истодаанд, ки ин боиси нигаронист. Албатта, дар замони рушди техника воситаҳои дастрасии хонандагон ба иттилоот бештар мегардад, вале дар ҳеҷ сурат он таассурот ва кайфияте, ки хонанда аз мутолиаи китоб мегирад, ба ҳеҷ гуна воситаҳои дигари иттилоотӣ баробар шуда наметавонад. Бинобар ин, ҷавонон бояд бештар китоб мутолиа кунанд ва дар ин самт корҳои тарғиботӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дар анҷом ба саволҳои иштирокдорон ҷавоб дода, ба хонандагон дар ҷодаи таҳсил комёбиҳо таманно намуданд.

Муяссар МАҲМАТОВА,
омӯзгори ҳамин мактаб.