Иншо ва талабҳои он

Иншо ва талабҳои он

Медонем, ки иншо калимаи арабӣ буда, маъноҳои эҷод кардан, офаридан, сохтанро дар бар гирифта, навиштаест, ки дар он санъати сухан ва саҷъу қофия ба кор рафтааст. Чуноне ки Саъдии хушбаён гуфтааст:
Ҳамоно, ки дар Форс иншои ман,
Чу мушк аст, беқимат андар Хутан.

Ва иншонавис онест, ки ҳар як навиштаҳояшро бо иборатороию саҷъу қофия иншо менамояд. Зиёда аз ин, иншо як навъи кори хаттиест, ки шогирдон оиди мавзўи супоридаи устод мус­тақилона эҷод мекунанд.
Навиштани намудҳои гуногуни корҳои хаттӣ, минҷумла иншо аз иншонавис масъулияти калонро мехоҳад, зеро иншонависӣ ба назар кори саҳлу осон намояд ҳам, аслан ин тавр нест.
Хонанда дар ёд дошта бошад, ки риояи ҳатмии ин талабот боиси рўйи коғаз омадани иншои пурмаънӣ, бехато ва хонданӣ мегардад, ки аз ин сари омўзгор боло шуда, аз натиҷаи заҳматаш мефахрад. Иншонавис мебояд аввало ба алоқаи мантиқии байни калимаҳо, таркиби хоси ибораю ҷумлаҳо, ҷаҳонбинии васеъ, мавқеи истифодаи аломатҳои китобатӣ, худдорӣ аз ибораю ҷумлаҳои такрорӣ, соданависӣ, нақшаву катибаҳои кўтоҳу пурмаънӣ ва хулосабарории дуруст риоя намояд.
Дар ҳамин сурат иншонавис ба мурод мерасад ва боиси хушнудии устоду ҳамсабақон мегардад.
Чизи дигаре, ки меҳри устодро нисбати шогирд меафзояд, ин хати зебои иншонавис аст. Зеро хат, ки зебо шуд, хато низ кам хоҳад гашт. Он иншое, ки бо вуҷуди кам будани хато баднавис аст, боиси озурдахотирӣ ва дилтангию асабонишавии устод мегардад. Бинобар ин, то шогирдонро мебояд нахуст ба зебонависӣ омӯзонд, машқ намоянд ва ба эҳтироми устод ноил гарданд. Дар бораи ҳусни хат шоире фармудааст:
Ҳусни хат беҳ зи ҳусни дилдор аст,
Ҳамчу моҳе дар шаби тор аст.

Ҳангоми иншонависӣ дар қатори санаву номи мавзўъ, ҳошияву нақшаҳои содаву пурмаънӣ, катиба (эпиграф) низ чизи зиёдатӣ нест. Зеро адабиётшиносони маъруф катибаро тоҷи иншо низ гуфтаанд. Модоме, ки катиба тоҷи иншосту ба иншо ҳусн илова месозад, биёед, шогирдонро ба катибанависӣ одат кунонем.
Дар ҳама намудҳои иншо истифодабарии шеър айни муддаост. Зеро шеър иншои хонандаро пуробуранг сохта, ҳусни навиштаҳои ўро дучанд месозад. Иншое, ки суханҳои донишомӯз бо байту шоҳбайтҳои шоирон тақвият дода шудааст, хонданибоб мешавад.
Агар сухан оиди хулосабарорию ҳаҷми иншо равад, инро ба ҳукми худи иншонавис бояд вогузор намуд. Шогирд агар дониши казоӣ ва ҷаҳонбинии васеъ дорад, бигзор нависад, аммо ҳушёр бояд шуд, ки мавзўи асосӣ дар канор намонад. Чуноне ки баъзан иншоҳоеро мебинем, ки мақсади асосӣ сарфи назар шуда, иншо пурра ба шарҳи ҳол мубаддал мегардад. Дур нарафтан аз асли мақсад бар фоидаи ҳам устод ва ҳам шогирд аст.

Фирдавс ТОҶИДДИНОВ,
омўзгори забон ва адабиёти мактаби рақами 7-и ноҳияи Сўхи вилояти Фарғона
.