Дар пеши мо вазифаҳои устувор гузошта шуд

Дар пеши мо вазифаҳои устувор гузошта шуд

Суханони Президентамон Шавкат Мирзиёев, ки оиди ҳифзи тандурустӣ дар Муроҷиатнома ба Олий Маҷлис ифода ёфтааст, дар пеши кормандони сохтори тиб як катор вазифаҳо гузошта шуд. Солҳои охир, бо роҳбарии Президент барои рушди сифати хизмати тиббӣ ва самарадории он ислоҳотҳои васеъмиқёс иҷро мешаванд. Дар Муроҷиатнома вазифаҳое пешниҳод шуданд, ки барои амиқ гардонидани ин гуна ислоҳот ва ба дараҷаи талаботи замон бардоштани хизмати тиббӣ хизмат мекунад. Дар давоми солҳои гузашта, оиди ин соҳа корҳои лоиқи эътироф амалӣ гашта, комёбиҳои арзанда ба даст омад. Танҳо дар соли 2019 дар асоси барномаи инвеститсионӣ аз ҳисоби маблағҳои давлат дар 17 муассисаи тиббии вилоят корҳои бунёдкории қариб 70 миллиард сӯмина ва дар асоси барномаҳои «Қишлоқи обод» ва «Маҳаллаи обод» дар 12 муассисаи тиббӣ корҳои сохтмонӣ ва таъмирсозии 11 миллиард сӯмина иҷро шуд. Барои таъмири ҷории 14 беморхона аз буҷаи маҳаллӣ 30 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда шуд. Ба муассисаҳои тиббии вилоят зиёда аз 6 ҳазор таҷҳизоти тиббии 6 миллиард сӯмина расонида шуд.
Танҳо ба шифохонаи бисёрсоҳавии вилоят аз ҳисоби маблағи буҷаи маҳаллӣ ба миқдори қариб 2 миллиард сӯмина дастгоҳи чархзанонандаи хуни сунъӣ оварда шуд ва дар муддати кӯтоҳ, дар дили зиёда аз 400 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии кушод гузаронида шуд. Дар натиҷаи ин гуна ислоҳот, дар ҷойҳо, инчунин, дар ҳудудҳои дурдаст ҳам сифати хизмати тиббӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардид. Дар хизмати санитарияи тиббии ибтидоӣ дигаргуниҳои назаррас дида мешавад.
Дар соли ҷорӣ, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сифати хизмати тиббӣ дар шаҳри Каттақӯрғон ва ноҳияи Ургут бо мақсади ҷойгир намудани аппаратҳои гемодиалез гузошта шуд. Ғайр аз ин, дар 18 объект корҳои сохтмонӣ-­таъмирсозӣ давом дорад. Инчунин, барои беҳтар сохтани сифати ёрии таъҷилӣ бо «Форд реанимобил»-ҳо таъмин сохтани шӯъбаҳо дар назар дошта шудааст. Шумори клиникаҳои хусусиро аз 463 ба 520-то расонидан, дар асоси шарикии давлатию хусусӣ ташкил намудани 10 муассисаҳои тиббиёт, ба мақсади такмил додани хизмати тиббии ихтисосонидашудаи вилоят ба кор даровардани шӯъбаи кардиохирургия пешбинӣ шудааст.

Давронбек ҶУМАНИЯЗОВ,
сарвари Садорати ҳифзи тандурустии вилоят
.