Роҳҳои пешгирии сирояти бемории коронавирус

Роҳҳои пешгирии сирояти бемории коронавирус

  • Post category:Саломатӣ

Вазорати ҳифзи тандурустии Ӯзбекистон бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус чораву тадбирҳо меандешад. Хусусан, барои ба бачаҳо нагузаштани ин бемории сироятӣ пешниҳодҳои худро медиҳад. Мувофиқи он:
– шароитҳои зарурӣ дар синфхонаҳо ва тартиби маҷбурӣ барои дезинфексия кардани дасти бачаҳо бо ёрии воситаҳои спиртнок ҷорӣ карда шавад;
– ба бачаҳо фаҳмонида шавад, ки мунтазам дастонашонро бо собун шуста, аз воситаҳои дезинфексия дуруст истифода баранд, пеш аз хӯрокхӯрӣ ва баъди аз ҳоҷатхона баромадан дастонашонро тоза шӯянд, инчунин, ҳангоми дарс ва танаффус бо дастрӯмолҳои махсуси спиртдор тоза кардани дастҳо зарур аст;
– тавсия карда шавад, ки бо даст бисёр ба рӯй нарасанд;
– ҳангоми атсазанӣ бояд даҳон ва биниро бо дастрӯмол маҳкам доранд. Баъд дастрӯмоли истифодашударо ба партов партофта дастонро шӯянд;
– ба бачаҳо фаҳмонед, ки бо одамоне, ки аломатҳои бемории шамолхӯрӣ ё грипп­ро доранд, сӯҳбат ва алоқаи наздик накунанд (дар байнашон то ду метр масофа бошад);
– ҳангоми мушоҳидаи аломатҳои беморӣ ҳатман ба шифокор муроҷиат кунанд;
– агар дар мактаб ягон нафар бемор шуда бошад, аввало ӯро изолятсия намуда, ба падару модараш хабар расонанд ва ёрии тиббии таъҷилиро даъват кунанд;
– ҳамеша аз ниқобҳои махсуси тиббӣ истифода баранд, инчунин, тез-­тез ҳавои синфхона ва хонаҳои истиқоматиро тоза намоянд.

Ходимони дахлдори мактаб ҳангоми омодасозии хӯрок бояд ба чораву тадбирҳои эҳтиётии зерин амал кунанд:
– барои гӯшти хом ва маҳсулоти пухташуда корду тахтаҳои алоҳидаро истифода баред;
– пеш аз гирифтани маҳсулоти пухташуда ва баъд аз доштани маҳсулоти хом, алалхусус, гӯшт ва маҳсулоти ширӣ дастҳоятонро тоза шӯед;
– гӯшт бояд хуб бирён ва ҷӯшонида шавад;
– гӯшти ҳайвонеро, ки аз беморие фавтидааст, ба хӯрок наандозед;
– аз истифодаи маҳсулоте, ки гӯшти он ба ҳайвонҳо мансуб аст, хеле ҳушёр бошед. Онҳоро хом ё хуб нопухта истеъмол накунед. Ширро бояд хуб ҷӯшонед.

Дар ҳолатҳои:
– агар дар шумо аломатҳои инфексияи респиратор мушоҳида гардад, ба сулфа ва нафасгирӣ мушкилӣ кашед;
– агар бо нигоҳубини беморе, ки аломатҳои инфексияи респираторро дорад, машғул бошед;
– агар корманди ҳифзи тандурусти бошеду аз аҳволи беморони аломатҳои инфексияи респиратордошта хабар гиред, ба даҳону биннӣ бастани ниқоби махсуси тиббӣ шарт аст.