Дар кадом ҳолатҳо бояд ба ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат намуд?

Дар кадом ҳолатҳо бояд ба ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат намуд?

  • Post category:Саломатӣ

Дар мамлакатамон доир ба ислоҳ намудани сохтори ҳифзи тандурустӣ, ба хусус хизмати ёрии таъҷилии тиббӣ корҳои васеъмиқёс татбиқ мешавад. Хусусан, дар ин бобат Муроҷиатномаи Президентамон ба Олий Маҷлис такони ҷиддие гардид, зеро дар қатори дигар соҳаҳо дар соҳаи мазкур низ дигаргуниҳои зиёд пешбинӣ шудааст.
Соҳаи мазкур хеле пурмасъулият мебошад ва метавонад дар лаҳзаи охирин ҳаёти беморро наҷот дода, барои шифо ёфтани ӯ кӯмаки аввалинро расонад. Баробари занг задан ба шӯъбаи «Ёрии таъҷилӣ» ходимони он сари вақт кӯмаки аввалинро мерасонанд. Агар хизмати онҳо беморро қонеъ накунад, сабаби норозигии мизоҷон мегардад. Бисёр ҳолатҳое рӯй медиҳанд, ки беморон аз хизмати «Ёрии таъҷилӣ» қонеъ намегарданд ва шикоят мекунанд.
– Бояд гуфт, ки дар асоси қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 16-уми октябри соли 2018 «Дар бораи чораҳо оид ба такмил додани хидмати кӯмаки таъҷилии тиббӣ дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» бо мақсади кӯмаки амалӣ расонидан барои рушди хизмати ёрии таъҷилӣ ва беҳтаргардонии пойгоҳи моддӣ-­техникии он дар назди Вазорати ҳифзи тандурустӣ Бунёди рушди кӯмаки ёрии таъҷилӣ бидуни мақоми шахси ҳуқуқӣ ташкил гардидааст ва он бо ҳалли муаммоҳои ин соҳа машғул мешавад, – гуфт сардухтури шӯъбаи ёрии таъҷилии тиббии рақами 1-и шаҳри Самарқанд Ойбек Мӯъминов. – Дар натиҷаи чунин чорабиниҳо муаммоҳои вобаста ба бензин, доруву дармон ё ки автомобил бартараф карда шуд. Ба беморон тамоми намудҳои ёрии нахустини таъҷилиро мерасонем ва дар ин гуна ҳолатҳо доруву дармон бепул мебошад. Боз як масъала ин аст, ки «дар ёрии таъҷилӣ доруҳои одӣ ҳам ёфт намешаванд» гӯён эътирозҳо дучор меоянд. Ин фаҳмиши нодуруст мебошад. Зеро барои ёрии таъҷилии тиббӣ рӯйхати аниқи доруҳое, ки буданашон шарт аст, аз ҷониби Вазорати ҳифзи тандурустии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон тасдиқ гардидааст ва шӯъбаи мо низ пурра бо он таъмин мебошад. Бригадаҳои ёрии таъҷилӣ бо доруҳои дар рӯйхат нишондодашуда пурра таъминанд.
Дар ҳолатҳои садама, заҳролудшавӣ аз моддаҳои кимиёвӣ, дар натиҷаи аз ғарқшавӣ зарар дидан, сӯхтани қисми зиёди бадан, вазъиятҳои фавқулодда, задани барқ, афтидан аз баландӣ, вайроншавии таппиши дил, хуруҷи дил, ҷароҳати вазнин, хунравӣ, вайроншавии ногаҳонии фаъолии ҳаракат, аллергия, дарди сар, шикам, пушт, қафаси сина, хулқу атвори номутаносиб, номӯътадилии фишори хун, бандшавии пешоб, заҳролудшавӣ аз хӯрок барин ҳолатҳо мо ҳатман ёрии аввалин мерасонем. Баъзан ҳолатҳое мешаванд, ки шаҳрвандон иштибоҳан ба ҷойи муроҷиат намудан ба филиали самарқандии Маркази илмии ёрии таъҷилӣ ба шӯъбаи мо муроҷиат мекунанд. Албатта, мо низ чунин беморонро қабул карда, хизмати тиббӣ мерасонем, зеро мақсади асосии мо ҳифзи саломатии шаҳрвандон буда, он барои мо аз ҳама чиз болотар меистад.
Ба як ҷиҳати масъала бояд эътибор дод, ки «Ёрии таъҷилӣ» бо муолиҷа не, балки бо нишон додани ёрии аввалини то давраи муолиҷа машғул мегардад. Масалан, ба шаҳрванде, ки фишори хунаш баланд шудааст, муваққатан паст намудани фишори хуни ӯ ва то саршавии муолиҷа дар меъёр нигоҳ доштани он вазифаи ёрии таъҷилӣ мебошад. Аммо аз сабаби он, ки баъзе шаҳрвандон аз маданияти тиббӣ на он қадар огоҳӣ доранд, барои ҳолатҳои оддӣ низ «Ёрии таъҷилӣ»-ро ҷеғ мезананд. Мизоҷоне низ ҳастанд, ки бо ҷидду ҷаҳд ҳақ будани худро исбот кардан мехоҳанд ва гоҳо муносибати дағалона мекунанд. Ин боиси халалдор шудани кори ходимон мегардад.

Ф.ШУКУРОВ.