Навоӣ дар бораи Мотурудӣ чӣ гуфта буд?

Навоӣ дар бораи Мотурудӣ чӣ гуфта буд?

Устодон барои дар илми илоҳиёт алломаи замона шудани Имом Мотурудӣ саҳми калон гузоштаанд.
Олими фиқҳ, асосгузори илми калом Имом Мотурудӣ дар соли 870 дар деҳаи Мотуруди Самарқанд таваллуд шудааст.
Маълумотҳо дар бораи ҳаёт ва мероси илмии Имом Мотурудӣ, аз ҳама беш роҷеъ ба солҳои ҷавониаш дар асарҳои алломаҳои асрҳои миёна, хусусан Абул Муъин ан-­Насафӣ оварда шудаанд.
Ба ӯ таълимоти аввалинро падараш – Муҳаммад ибн Маҳмуд додааст. Сипас, дар мактаби ибтидоии Куттоб ва дар мадрасаи назди масҷиди Работи ғозиёни Самарқанд таҳсил гирифтааст, ки дар ин бора маълумотҳо ҳастанд.
Низомиддин Мир Алишер Навоӣ дар асари худ «Насойим-у­л-муҳаббат» лутф кардаанд, ки «Шайх Абу Мансур Мотурудӣ уламои аълами замони худ будаанд. Уламоҳои ҳамон давр эшонро «Султон-ул-муиззин» мегуфтаанд. Бо илмҳои зоҳир ва ботин ороста будаанд».
Дар тадбире, ки дар Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд бахшида ба тарғиботи ҳаёт ва мероси илмӣ-­маънавии Имом Мотурудӣ баргузор гардид, ин нуқтаҳо қайд карда шуданд.
Дар тадбир инчунин, маърӯзаҳо роҷеъ ба устодон, асарҳои илмӣ-­маънавӣ, саъю кӯшишҳои дар роҳи ривоҷи исломи маърифатӣ бурдаи Имом Мотурудӣ, шунида шуд.
Дар давоми тадбир тақдимоти китобҳое, ки ходимони илмии Марказ зери рукни «Бар зидди ҷаҳолат – бо маърифат» нашр кардаанд, барпо гардид. Инчунин, сухан дар бораи алломаҳое чун Алоуддин – Усманди Самарқандӣ, Имом Саффори Бухорӣ, рафт, ки номҳояшон то ҳол ба халқамон маълум набуд.
Тадбирҳои тарғиботӣ давом доранд.

Хизмати матбуоти
Маркази байналхалқии илмӣ-­тадқиқотии Имом Бухорӣ.