Мо ба нашъамандӣ муқобилем!

Мо ба нашъамандӣ муқобилем!

Моҳи феврал дар мамлакатамон моҳонаи «Мубориза бар зидди гардиши моддаҳои нашъамандӣ дар миёни ҷавонон» эълон гардид.
Имрӯзҳо дар доираи моҳона дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тадбиру вохӯриҳои гуногун гузаронида мешавад, ки яке аз чунин тадбирҳои тарғиботӣ дар мактаби таълими умумии рақами 11-и маҳаллаи Тинчлики ноҳияи Ургут ва дар маҳаллаи Хӯҷамазгили ноҳияи Булунғур бо иштироки ҷавонон ва фаъолони маҳалла баргузор гардид. Дар вохӯрӣ мутахассисон ба аҳолӣ, бахусус, ҷавонон дар бораи оқибатҳои нашъамандӣ, пешгирии паҳн гардидани онҳо ва роҳ надодан ба ҳуқуқвайронкуниҳое, ки ба гиёҳвандӣ вобастаанд, маълумот доданд.
– Мақсад аз ташкили моҳона пешгирии паҳн шудани маводҳои нашъамандӣ дар байни ҷавонон мебошад, – гуфт эксперти Маркази миллии назорати маводҳои нашъамандии назди Девони Вазирон Набӣ Ҷӯраев. – Дар рафти чорабиниҳо ба иштирокдорон бук­лет ва материалҳое тақдим карда мешаванд, ки дар онҳо роҷеъ ба оқибатҳои манфии нашъамандӣ маълумот дода шудааст. Акнун ташкилотҳои мутасаддӣ дар байни ноболиғон мунтазам тадбирҳои профилактикӣ мегузаронанд, дар дорухонаҳои вилоят фурӯш ва нигоҳдории воситаҳои доругие, ки дар таркиби худ моддаҳои психотропӣ доранд, назорат карда мешавад.
Бояд гуфт, ки чунин тадбирҳо дар Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд, филиали самарқандии Донишгоҳи технологияҳои ахбори Тошканд, колеҷи тиббии Сиёб, Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд, инчунин, муассисаи профилактикии табобати статсионарии назди диспансери наркологии вилоят дар ноҳияи Ҷомбой низ гузаронида шуд.
Инчунин, дар доираи моҳона миёни ҷавонон зери шиори «Мо бар нашъамандӣ муқобилем» гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ, сӯҳбати гирди мизи мудаввар, вохӯриҳо, озмуни расмҳо, намоиши филмҳо ва дигар чорабиниҳо дар назар аст.

Ҳусан ЭЛТОЕВ.