Кӯчондани таҳсил аз хориҷа

Кӯчондани таҳсил аз хориҷа

чӣ хел сурат мегирад?

Бар асоси баённомаи Комиссияи давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон роҷеъ ба қабул ба муассисаҳои таълимӣ аз 4-уми феврали соли 2020 шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар муассисаҳои таълими олии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон таҳсил мегиранд, метавонанд таҳсилро дар мактабҳои олии ҷумҳуриятамон давом диҳанд. Пештар муддати қабули аризаҳо то 15-уми феврали соли ҷорӣ муайян гардида буд.
Муроҷиатҳои донишҷӯён, ки дар кишварҳои ҳамсоя таҳсил мегиранд ва падару модарони онҳоро ба инобат гирифта, инчунин бо мақсади фароҳам овардани қулаиҳо муддати мусоиди қабули аризаҳо то санаи 15 – уми марти соли ҷорӣ дароз карда шуд.
Ҳоло дар бораи тартиби кӯчонидани таҳсил маълумот медиҳем.
Ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои кӯчондани таҳсилро худи донишҷӯ тақдим мекунад, ё наздикони донишҷӯ чунин имконият доранд?
Худи донишҷӯ ариза дар бораи кӯчондани таҳсил ба донишгоҳҳои кишварро менависад ва ҳуҷҷатҳоро низ худи ӯ месупорад.
Ба гурӯҳҳои кории ҳудудӣ кадом ҳуҷҷатҳо супурда мешаванд?
Шаҳрвандон ба гурӯҳҳои кори ҳудудӣ ин ҳуҷҷатҳоро тақдим мекунанд:
• ариза (дар ҷойи қабул);
• нусхаи дафтарчаи рейтинг, ё маълумотномаи академикӣ (транскрипт);
• нусхаи шиноснома.
Оё барои кӯчондани таҳсил аз донишгоҳи ғайридавлатӣ низ иҷозат ҳаст?
Бале, ҳаст. Аммо донишгоҳи ғайридавлатӣ дар кишвари худ ҳамчун муассисаи таълими олӣ бояд сабти ном шуда бошад.
Донишҷӯёни таҳсили ғоибона ва шабона низ метавонанд ариза супоранд?
Донишҷӯёне, ки дар кишварҳои ҳамсоя таҳсил мегиранд, новобаста аз шакли таълим метавонанд барои кӯчондани таҳсил ба Ӯзбекистон ариза супоранд.
Донишҷӯёни ӯзбекистонӣ аз кадом кишварҳо ҳуқуқи кӯчондани таҳсил ба ватванро доранд?
Шаҳрвандони кишвар, ки дар Тоҷикис­тон, Қирғизистон ва Қазоқистон таҳсил мегиранд, ҳуқуқи кӯчондани таҳсилро доранд.
Шаҳрвандоне, ки дар дигар кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла, кишварҳои ИДМ таҳсил мегиранд, бар асоси тартиби мавҷуда метавонанд аз 15-уми июл то 5-уми август ба гурӯҳҳои кории ҳудудӣ барои кӯчондани таҳсил ариза супоранд.
Оё имкони кӯчондани таҳсил ба таълими будҷаӣ ҳаст?
Ба донишҷӯёне, ки дар кишварҳои ҳамсоя бо шартнома (контракт), ё будҷаӣ таҳсил мегиранд, иҷозат дода мешавад, ки таҳсилашонро бар асоси шартнома ба Ӯзбекистон кӯчонанд. Касоне, ки таҳсили будҷаӣ мехоҳанд, бояд дар озмуни махсус дар тобистон ширкат кунанд.
Донишҷӯёни кадом солҳои таҳсил метавонанд таҳсилашонро кӯчонанд?
Донишҷӯёне, ки дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон таҳсил мегиранд, новобаста аз соли таҳсил метавонанд аз ин имкон истифода баранд.
Кӯчондани таҳсил барои донишҷӯёни кадом риштаҳо мумкин аст, оё донишҷӯёни риштаҳои ҳуқуқшиносӣ, тиб ва иқтисод низ метавонанд таҳсили худро кӯчонанд?
Дар ин замина маҳдудияте ҷорӣ нест. Донишҷӯёни ҳамаи риштаҳо имкони кӯчондани таҳсилро доранд.
Донишҷӯёне, ки қарздори академикӣ ҳастанд, метавонанд таҳсилашонро кӯчонанд?
Метавонанд. Танҳо дар ин сурат бар асоси тартиби мавҷуд донишҷӯ ҳамчун қарздори академӣ таҳсилашро мекӯчонад.
Донишҷӯ дар муддати семестри ҷории донишгоҳе, ки таҳсилашро ба он кӯчонд, қарздории академии худро бартараф мекунад.
Дар хотир дошта бошед! Дар сурате, ки ҳуҷҷатҳои супурдаи шумо комилу дуруст аст, гурӯҳҳои кории ҳудудӣ албатта онҳоро қабул мекунанд.
Кӯчондани таҳсил бе ягон имтиҳон сурат мегирад!
Фирефтаи «ёридиҳандагон» нашавед!