Сохтмони ғайриқонунӣ дар ҳудуди таърихии шаҳр: кӣ ба он ҷавоб медиҳад?

Сохтмони ғайриқонунӣ дар ҳудуди таърихии шаҳр: кӣ ба он ҷавоб медиҳад?

  • Post category:Ҷамъият

Бо ҳамкории ҳокимияти вилоят, Садорати ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии вилоят, шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди эҷодии Журналистони Ӯзбекис­тон доир ба омӯзиши сохтмонҳои ғайриқонунии кӯчаи Ӯзбекистон ва воситаҳои рекламаи берунаи шаҳр пресс-­тур ташкил карда шуд.
Журналистон ва блогерҳо дар кӯчаи Ӯзбекистон бо хонаҳои бисёрқабатае, ки Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Зафар-­Шаҳрам-­Бунёдкор» ва шаҳрванд М. Саидова ба таври ғайриқонунӣ сохтаанд, шинос шуданд.
Азбаски, хонаҳои бис­ёрошёнаи рақамҳои 65 ва 67-и маҳаллаи мазкур дар минтақаи ҳифзшавандаи қисми таърихии шаҳр ҷойгиранд, сохтмон бо қарори ҳокими шаҳр боздошта шудааст. Аммо Ҷамъияти масъ­улияташ маҳдуди «Зафар-­Шаҳрам-­Бунёдкор» баландии хонаи 65-ро на чун нишондоди лоиҳа 15 метр, балки 21 метр кардааст. Мувофиқи қарори суди иқтисодии вилоят аз 13-уми январи соли 2020 бояд 6 метри иморат вайрон карда шавад.
– Ба шаҳрванд М. Саидова бо қарори ҳокими шаҳр дар асоси шарти сохта додани маркази маҳаллаи «Ӯзбекистон» барои сохтани хонаву ҷойи истиқоматии 3 ошёна рухсат дода шуд, – гуфт мутахассиси ҳокимияти шаҳри Самарқанд Фирӯз Наҷмиддинов. – Аммо дар ин ҷо низ ҳолатҳои қонунвайронкунӣ содир шудааст. Тадбиркор ба ҷойи бинои истиқоматии сеошёнаи 24 ҳуҷрадор 4 қабата бунёд намудааст. Гурӯҳи кории Сарсадорати ҳифзи объектҳои мероси маданӣ ва истифодабарии онҳо аз сабаби дар ҳудуди таърихии шаҳри Самарқанд ҷой гирифтани хонаву ҷойи мазкур, оиди аз 11,5 метр зиёд накардани баландии бино ва вайрон намудани қабати 4-ум хулоса додааст.
Иштирокчиёни пресс-­тур тартиби ҷойгиркунии рекламаҳои берунаи кӯчаҳои шаҳр ва истифода аз онро низ омӯхтанд.
Ҳоло дар ҳудуд дар асоси шартномаи муваққатие, ки байни ҳокимияти шаҳр ва тадбиркорон имзо гардидааст, 373 билборд, 28 брэндмаур (панное, ки дар қисми девории биноҳо гузошта шудаанд), 23 ледмонитори калон ва 81 то хурд, 13 призматрон ва 19 рекламаҳо дар бом гузошта шудаанд. То имрӯз аз воситаҳои рекламаи берунаи мазкур ба буҷаи шаҳр зиёда аз 870 миллион сӯм маблағ даромад шудааст.
Аммо баъзе тадбиркорон ба деворҳои хонаҳои бисёрқабата, назди чароғҳои роҳ ва дигар ҷойҳои таъқиқкардашуда воситаҳои рекламаро гузоштаанд, ки аз ҳаҷми муайян калонанд.
– То ҳол дар ҳудуди шаҳр воситаҳои рекламаи берунаи ғайриқонунӣ бисёр буд, – гуфт ҷонишини якуми ҳокими шаҳри Самарқанд Акрам Эгамов. – Бо ёрии комиссияи махсусе, ки соли ҷорӣ ташкил гардид, дар кадом ҳудудҳо гузошта шудани ин гуна рекламаҳоро муайян намуда, чораҳои бартараф кардани ин гуна ҳаракатҳои ғайриқонунӣ баррасӣ мешавад. Мо ба хизмат ва маҳсулоти худро реклама намудани тадбиркорон муқобил нестем. Аммо ҳамааш бояд қонунӣ шавад.
Масъулони ҳокимияти шаҳр ба саволҳои вакилони воситаҳои ахбори оммавӣ бобати ба тартиб овардани реклама ва эълонҳое, ки ба симчӯб, девор, истгоҳ ва дарахтони кӯчаҳо гузошта мешаванд, ҷавоб доданд.

Хизмати матбуоти
ҳокимияти шаҳри Самарқанд.