«Дорухона» ё «орухона»

«Дорухона» ё «орухона»

Вақте ки кӯчаҳои марказии шаҳри Самарқандро давр мезанем, чашмамон ба биноҳои хуштарҳу замонавии ду канори роҳ меафтад, ки аксари онҳо мағозаҳои савдоӣ ва масканҳои хизматрасонии маишӣ мебошанд.
Албатта, афзудани адади субъектҳои тиҷоратии хурд, тадбиркории тартиби якка, муассисаҳои хизматрасонӣ хуб аст, ки дар заминаи ин ҷойҳои кории нав ташкил гардида, шароити рӯзгори мардум беҳтар мешавад. Аммо гоҳо навиштаҷоти пештоқи онҳоро дида, табъи кас мекоҳад.
Мақсади мо таҳлили номҳои аҷоибу ғароиб ва барои мардум нофаҳмои масканҳои хизматрасонӣ не, балки баррасии тарзи навишти онҳо мебошад.
Дар пештоқи аксари ин масканҳо, ки қисми зиёдашон мағозаҳо, сартарошхона, дорухона, ошхона, толорҳои зебоӣ ҳастанд, бо ҳарфҳои калони хоно ном ва ё намуди хизматрасонӣ навишта шудааст. Мутаассифона, дар баъзе масканҳо як ё якчанд ҳарфи пештоқ афтода, калимаи нофаҳмо ва гоҳо хандаовар мондааст. Борҳо шоҳид шудаем, ки моҳу солҳо дигар мешаванд, аммо навиштаҷоти хато дуруст намегардад.
Масалан, дар кӯчаи Даҳбеди шаҳр, ки яке аз кӯчаҳои сергаштугузор мебошад, дар болои дорухона бо ҳарфҳои калон «Орухона» навишта шудааст. Ҳарфи «Д» ва «А» нест. Чанд моҳ аст, ки масъулон ва мутасаддиён ба ин беэътиборанд.
Дар кӯчаи Гулободи шаҳр дар болои толори зебоии занон «Сабина салон» – «Абина алон», ба ҷойи «Гӯзаллик салони» – «Ӯзаллик салони» навишта шудааст.
Дар кӯчаи Амир Темури шаҳр ҳолати аз ин ҳам аҷибтарро мушоҳида кардан мумкин аст: дар болои мағозаи хӯрокворӣ ба ҷойи «Озиқ овқат маҳсулотлари» – «Зиқ овқат маҳсулотлари» навишта шудааст.
Дар болои яке аз кафеҳои кӯчаи марказии Регистон ба ҷойи «қаҳвахона» – «қахваҳона» сабт гардидааст.
Дар аксар кӯчаҳо ин аҳволро дидан мумкин. Дар мадди аввал ин масъала ба чашм назарногир мерасад. Аммо саволе одамро ба андеша водор месозад: Оё ҳамон муаммои одӣ ба шаҳри бузурге, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад ва дар сартосари дунё «Сайқали рӯйи замин» эътироф мегардад, мезебад?
Бинобар ин, агар мутасаддиён ба ин масъала диққат карда, нисбати чунин кордонҳои бепарво ягон намуди ҷазои маъмурӣ таъин мекарданд, камбудиҳо зуд ислоҳ мешуданд ва аз хондани матнҳои дурусту ҷолиб чашм меболид.

Ф.ЮЛДОШЕВ.