Харгӯшпарварӣ – соҳаи муҳими хоҷагии қишлоқ

Харгӯшпарварӣ – соҳаи муҳими хоҷагии қишлоқ

  • Post category:Иқтисод

Бо супориши Роҳбари давлат дар ҳудуди мамлакат дар солҳои 2020-2024 кластерҳои харгӯшпарварӣ ташкил мегарданд.
Дар мамлакатамон солҳои охир ба ривоҷи кишоварзӣ, аз ҷумла ба ривоҷи соҳаи муҳими он – харгӯшпарварӣ эътибори алоҳида нигаронида мешавад. Барои ин, барномаҳои махсус таҳия гардида, ба вакилони соҳа як қатор имтиёзҳо фароҳам меоранд. Соли гузашта дар Ӯзбекистон ташкил гардидани Ассотсиатсияи хоҷагиҳои харгӯшпарварӣ яке аз қадамҳои муҳим дар ин равия мебошад.
Харгӯшпарварӣ дар иқтисодиёт ва истеъмоли ҷаҳонӣ яке аз ҷойҳои асосиро ишғол менамояд. Дар мамлакатҳои Франсия, Германия ва Венгрия 65 фоизи маҳсулоти ин соҳа дар усули кластер истеҳсол мегардад.
Бино ба таҳлилҳо дар миқёси ҷумҳурият адади харгӯшҳои мода ба 900000 сар, нишондиҳандаи истеҳсоли ем ба 306540 тонна, истеҳсоли гӯшт ба 28350 тонна, ҳаҷми аз гӯшти харгӯш тайёр кардани консерва ба 37968750 дона расонда шуд. Дар мамлакат 45000 хоҷагии шахсии харгӯшпарварӣ ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа, шуғли 2280 нафар таъмин мегардад. Аз ҳисоби экспорти маҳсулоти харгӯш ба буҷа 648240 миллион доллари ИМА ворид шуданаш мумкин аст.
Харгӯш дар хоҷагиҳои фермерӣ барои гӯшт, пӯст ва тивит парвариш карда мешавад. Гӯшти харгӯш маҳсулоти парҳезӣ ба ҳисоб меравад. Пӯсташ барои коркарди мӯина ашёи хубе мебошад. Тивит барои тайёр кардани маҳсулоти трикотажӣ ва ғайра ба кор меояд. Харгӯшҳо то 10 – сол умр мебинанд. Барои онҳо кабудӣ, решамева, силоси сабзию карам, хошоки маҳин, дон, еми омехта ва дигар консентратҳо: гӯшт – устухон, ордаки моҳӣ, иловаҳои минералӣ, ордаки устухон, намаки ош ва бӯр озуқаи хуб аст. Харгӯшҳо ба саҳроҳо, дарахтҳои мевадор, полиз ва киштзорҳо зарар мерасонанд. Онҳо дар шароитҳои гуногун зиндагонӣ карда метавонанд. Модаҳояш соле то 4 маротиба мезоянд. Аз 2 то 15 харгӯшчаҳоро ба дунё меоранд. Онҳо «Великани сафед», «Шилшилаи шӯравӣ», «Хокистарранг», «Хонагӣ», Ангара» барин навъҳо доранд.

Ҷамшеди АСРОР.