Баҳои холисона – омили пешгирии коррупсия

Баҳои холисона – омили пешгирии коррупсия

Сохтори таълиму тарбия дар ҳама давру замон ба воситаи тарбиявие эҳтиёҷ доштааст, ки ба пешравии соҳа мусоидат намояд. Чунин воситаи кӯмакрасон бошад ду ҷанба дорад: яке мукофот, дигаре ҷазо. Яъне пешравии хонишу илмомӯзии донишҷӯ, албатта бояд мукофотонида шавад, сустиву қафомонии ӯ бошад ҷазо ёбад. Баҳогузории омӯзгор низ ҳамчун як воситаи тарбия ба донишҷӯ таъсири амиқ мегузорад.
Дар донишгоҳ ҳар як баҳои гузошташуда гӯё фаъолияти минбаъдаи талабаро муайян менамояд. Талаба аз баҳои гирифтааш ё рӯҳбаланд мегардад, ё ки озурдахотир мешавад. Аз ин рӯ, педагогҳои варзида ба баҳогузорӣ эҳтиёткорона муносибат намуданро тавсия мекунанд. Дар ин бобат як дараҷа аз илми равоншиносӣ низ бояд бохабар бошад.
Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд низ соли дуввум аст, ки навъи баҳогузории панҷдараҷагӣ ҷорӣ гардидааст. Алҳол дониши талабагони курсҳои 1 ва 2 дар ин асос дар маркази компутеронидашудаи махсус санҷида мешавад. Натиҷаҳои ин сохтори баҳогузорӣ чӣ гуна аст? Бартарияти он аз сохтори баллгузорӣ дар чист? Оё дар пешгирии коррупсия он кӯмак мерасонад?
Доир ба ин мавзӯъ фикру мулоҳизаҳои чанде аз омӯзгорону донишҷӯёнро пешниҳод менамоем:
Муҳиддин ОЧИЛОВ, донишҷӯйи Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд:
– Баҳогузорӣ бояд шаффоф ва холисона ба амал бароварда шавад. Навъи аз ҳама беҳтари баҳогузорӣ он аст, ки аз тарафи мутахассисони фан санҷида шавад. Зеро ҳамаи кӯшишу ҳаракати мо донишҷӯён ба баҳои омӯзгорон вобаста буда, аз рӯйи он ба мо нигоҳ мекунанд. Шахсан ман дар донишкада на барои баҳо, балки барои пурратар аз худ кардани дониш, маҳорат дар забономӯзӣ мехонам. Аммо чӣ илоҷ, ки одамон пеш аз ҳама на аз рӯйи донишу маҳорат, балки аз рӯйи баҳои дар рӯзномабуда хулоса мебароранд.
Ҳанифа ШУКУРОВА,
омӯзгори кафедраи забонҳои Шарқи хориҷӣ:
– Бартарияти баҳогузории давлатҳои Аврупо низ дар он аст, ки дар он холисона, ба таври масофавӣ имтиҳонро месупоранд. Донишҷӯ бе душворӣ метавонад ба донишгоҳи дилхоҳ дохил шавад, аммо рафти хониш душвор буда, талаботи қатъӣ дорад. Танҳо донишҷӯи ҳақиқӣ метавонад то охир таҳсил намуда диплом ба даст орад. На мисли баъзе донишҷӯёни мо, ки ба воситаи «амак»-у «тағо»-ҳои курсинишини худ баҳо ба даст меоранд. Ин низ як навъи коррупсия мебошад, зеро аз як тараф талаба дониш ва қобилият надорад, аммо бо роҳи тазйиқ овардан ба омӯзгор мехоҳад баҳо гирад. Омӯзгори асил бошад бехабар аз ошнобозиҳои талаба ба тазъйиқу фишори донишҷӯйи манфиатхоҳ дучор шуда, ночор мемонад. Ҳатто омӯзгоронеро медонам, ки аз тазъйиқу ноҳақиҳои баъзе донишҷӯёни ноинсоф аз баҳри кор баромада, онро тарк кардаанд. Албатта, дар сурати ба муаллим вобаста набудани баҳо, талаба ба дараҷае ба ӯ бепарвоёна муносибат мекунад, аммо омӯзгори асил бо донишу маҳорати худ метавонад меҳри ӯро ба илму дониш афзун гардонад. Тақозои замон низ аз мо омӯзгорон ҳамин аст, яъне муаллим бояд дарс гузараду ба талаба дониш омӯзад, на ин ки вақти худро бо баҳогузорӣ сарф намояд.
Юсуф АМОНОВ,
донишҷӯйи ДДС, раиси маҳфили «Шарқшинос»:
– Як монеаи калонтарини баҳогузории ҳаққонӣ дар соҳаи таълиму тарбия – ин маҳалпарастӣ ва хешу таборбозӣ мебошад. Барои муваффақият пайдо кардан дар соҳаи таълиму тарбия, ба фикри ман пурра решакан кардани иллати маҳалпарастӣ шарт ва зарур аст. чӣ хеле ки мегӯянд, «панҷ панҷа баробар нест». Ёфт мешаванд омӯзгороне, ки ба донишҷӯён аз рӯйи намояндаи кадом маҳал буданаш муносибат мекунанд. Дар натиҷа, дили донишҷӯйи боғайрат ҳам аз хондан хунук мешавад. Беҳтарин навъи баҳогузорӣ он аст, ки бе иштироки муаллими фан амалӣ гардад, зеро дар ҳолати маълум будани баҳогузор барои коррупсия як даричае кушода мешавад.

Ф.ШУКУРОВ.