«Мехоҳам ҳеҷ кас бемор нашавад»

«Мехоҳам ҳеҷ кас бемор нашавад»

  • Запись опубликована:14 февраля, 2020
  • Рубрика записиСаломатӣ

мегӯяд шифокори моҳир Мӯъминҷон Рофеев

Роҳи соҳибкасб шудан умумӣ нест. Яке тасодуфан касберо интихоб мекунад. Дигар аз хурдӣ ба ҳунаре меҳр мемонад. Саввӯмӣ касби авлодиро идома медиҳад. Вале Мӯъминҷон Рофеевро ба сохтори тандурустӣ андӯҳи бузург ва санҷишҳои тӯлонӣ овард.
Ҳоло Мӯъминҷон Рофеев аз ҷумлаи шифокорони пуртаҷрибае мебошад, ки бо ҳисси масъулиятшиносӣ ва маҳорати чандинсола, инчунин «дастони сабук» ва муомилаи неки худ бо беморон сазовори эҳтироми мардум ва ҷамоа гардидаанд.
Мӯъмин Рофеев 17-уми феврали соли 1970 дар оилаи деҳқони заҳматкашу ҳалолкори деҳаи Боғибаланд Шамсиддинбобо дида ба дунё кушодааст. Падару модари ғамхор 7 нафар фарзанд – Ӯктам, Ӯткур, Анвара, Мӯҳсин, Мавлуда, Сафия ва Мӯъминро бо меҳру муҳаббати зиёд ба воя расониданд.
Мӯъминҷон аз хурдсолӣ ба ҳавопаймо меҳр дошт ва орзу мекард, ки лётчик шавад. Ҳатто бо ҳамин мақсад дар синни 14-солагӣ дар маҳфили «Лётчикҳои ҷавон»-и наз­ди Аэропорти Самарқанд муддате таҳсил намуд. Вафоти ногаҳонии модар ба ӯ таъсири сахт расонид ва ҳаёти ӯро тамоман дигаргун намуд. Мӯъминҷони ҷавон аз модари меҳрубон, ки аз беморӣ вафот намуд, ҷудо гардид. Ҳамаи ин зарбаҳои ҳаёт ба ӯ таъсири сахт расонд ва қарор дод, ки дар оянда албатта шифокор мешавад. Ӯ азм намуд, ки ба дарди модарони дигар шифо бахшад, то ки модарон ҳеҷ гоҳ бемор нашаванд. Ҳамин тавр, ӯ баъд аз хатми мактаби миёна ва хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ ҳуҷҷатҳои худро бо қатъият ба Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд супорида, ба шарафи донишҷӯӣ мушарраф гардид. Аз устодони ғамхор сабақ омӯхта, бо ҷидду ҷаҳд соҳаи худро аз бар намуд ва донишкадаро соли 1997 бомуваффақият хатм кард.
М. Рофеев фаъолияти худро дар клиникаи рақами 2-юми донишкада оғоз намуда, то соли 1999 ҳамчун шифокор-­реаниматор адои вазифа намуд. Сипас, то соли 2008 дар шӯъбаи кардио-­реаниматсия, баъдтар бошад, ҳамчун мудири шӯъбаи нейрореаниматсия фаъолият бурд. Ҳамин тавр, ӯ аз соли 2010 то ҳол вазифаи мудири шӯъбаи кардиотерапияро ба ӯҳда дорад. Ӯ бо мақсади аз худ намудани тамоми нозукиҳои соҳа дар кафедраи маълумоти баъдидипломии ДДТС низ фаъолият мебарад. Дар ин муддат таҷрибаи зиёди корӣ ба даст оварда, ба гирифтани дараҷаи шифокори тоифаи олӣ сазовор гардид.
Соли 2019 хизматҳои софдилонаи Мӯъминҷон Рофеевро дар соҳаи мазкур ба эътибор гирифта, дар миқёси вилоят ба ӯ унвони «Беҳтарин кардиологи сол»-ро муносиб донистанд.
– Ман аз касби интихобкардаи худ розиам, – изҳор намуд Мӯъминҷон Рофеев. – Бояд гӯям, ки бобати ба ин соҳа даромадани ман хизматҳои бародарам Ӯктам Рофиев арзанда аст, ки то ҳол ҳамчун роҳнамою маслиҳатгар доим дар паҳлӯям ҳастанд. Фикр мекунам, ки аз ҳар як муваффақияти ман рӯҳи модарам ман шод гардидааст. Шифо ёфтани ҳар як бемор ва арзи сипосгузори онҳоро барои худ бахти беҳтарин меҳисобам. Барои муваффақиятҳои худ дар соҳа аз устодони ғамхорам мисли шифокори тоифаи олӣ Исмаил Ибрагимов, Людмила Картина, инчунин номзади фанҳои тиб, дотсент Ирина Агабадян хеле сипосгузорам, ки ба ман нозукиҳои касбро омӯзониданд.
Дар баробари ин, М. Рофеев падари меҳрубони 3 нафар фарзанд – Ҷаҳонгиру Шаҳзода ва Беҳзод мебошад, ки ҳар кадоми онҳо имрӯз касбу кори дилхоҳи худро соҳиб гардида, хизмати халқро адо мекунанд. Ду нафар набераи ширин низ фараҳфизои умри онҳо мебошанд. Хусусан, Ҷаҳонгир касби падарро пеш гирифта, донишкадаро бомуваффақият хатм намуд ва таҳсили худро имрӯз дар ординатураи махсусонидаи соҳаи кардиология идома медиҳад.
Имрӯз шифокори соҳибдил, кардиологи пуртаҷрибаи вилоятамон Мӯъминҷон Рофеев дар арафаи 50-солагӣ қарор дорад. Ба ин муносибат соҳибҷашнро муборакбод гуфта, дар касбу кор ва ҳаёти оилавӣ комёбиҳо таманно дорем.
Баҳри дармони халқ кӯшидед,
Фатҳ дар роҳатон муборак бод.
Тай намудед печутоби умр,
Ҷашни панҷоҳатон муборак бод!

Ҳоҷӣ Одил ҶАЛИЛОВ,
Баҳодур РАҲМОНОВ
.