Намакро ба кӯл андоз

Намакро ба кӯл андоз

  • Рубрика записиФарҳанг

Ҷавоне мақсади зиндагиашро гум карда, худро бениҳоят бадбахт мехонд. Рӯзе устоди солхӯрдаашро вохӯрду аз ноҷӯриҳои рӯзгораш шиква намуд. Ҷавон гаштаю баргашта такрор мекард:
– Чаро маҳз ман бояд ғамзада бошам?.
Устод ба фикр фурӯ рафт ва ба пиёлаи обе каме намак рехту ба шогирд дароз кард.
Чун ҷавон обро нӯшид, устод аз ӯ пурсид:
– Таъмаш чӣ хел?
– Бениҳоят шӯр, – чеҳраашро турш карда гуфт ҷавон.
Устод лабханде заду фармон дод, то бо худ як кафи дигар намак гирад ва ҳамроҳаш ояд. Хомӯшона то лаби кӯл расиданд. Шогирд бо тақозои устод намакро ба кӯл андохт ва аз он нӯши ҷон карду афзуд:
– Болаззат аст об, шӯр нест.
Пирамард ба ӯ гуфт:
– Ғам дар ҳаёти мо мисли намак ва дили мо ба масал кӯлу пиёла аст. Намакро ба оби пиёла неву ба кӯл андоз ва ҳаётатро шӯр макун.