Нависандаи япон Навоиро меомӯзад

Нависандаи япон Навоиро меомӯзад

Эҷодкори маъруфи япон, сайёҳ ва нависанда Ясуши Иноуе дар асари худ «Саёҳат ба Самарқанд» чунин навиштааст: «Дар Ӯзбекистон нафаре нест, ки номи Навоиро надонад».
Муаллиф дар ҳикояи худ, ки чунин оғоз шудааст, Навоиро ҳамчун «Падари шеърияти ӯзбек» муаррифӣ намудааст. Аз ин сабаб, сайёҳоне, ки ба Тошканд ва ё вилоятҳои дигар мераванд, театр, бинову кӯчаҳои бо номи Навоиро мебинанд.
«Сабаби дар Осиёи Миёна соҳиби ҳурмату эҳтиром будани Навоӣ, – мегӯяд нависанда, – ҳам дар забони форсӣ ва ҳам дар забони модарии худ моҳир бошад ҳам, бо забони туркии шарқӣ, ки муғулҳо забони чиғатоӣ меномиданд, навиштанро афзал шуморидани ӯст.
Нависанда оиди ҳаёт ва эҷодиёти падари шеърияти ӯзбек бо ҳаяҷон ёдовар мешавад: «Бароям дар китобхонаи Тошканд барои омӯхтани нусхаҳои аслии дастнависи шеър­ҳои Навоӣ имконият хеле кам шуд. Китоб калон буд ва рост омад, ки дудаста дорам. Ҳар як саҳифаи шеър навишташуда бо суратҳои зебо оро дода шуда буд. Ин китоби экстравагант ва бодабдаба буд. Тамоми осори Навоӣ ба забони русӣ тарҷума гардида, соли 1968 дар шакли китоби 10 ҷилда нашр карда шудааст.
Имрӯзҳо мероси Навоӣ ба забонҳои англисӣ, немисӣ, франсузӣ, испанӣ, японӣ, чинӣ ва ғайра нашр гардидааст ва омӯхта мешавад. Моҳияти консепсияи инсонпарварӣ, ғояҳои некӣ, ки дар асарҳои Навоӣ тараннум гаштааст, барои тамоми халқҳо боаҳамият аст. Аз ин сабаб асарҳои Навоӣ безаволанд.

Гулмира САТТОРОВА,
донишҷӯйи Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд
.