Соати тарбиявӣ набуд, лекин виҷдон, инсоф ва диёнат буд

Соати тарбиявӣ набуд, лекин виҷдон, инсоф ва диёнат буд

  • Post category:Маориф

Ҳамеша дар ҷамъомадҳо, маҷлису мунозираҳо фарёд мезанем, ки солҳои охир савияи дониши хатмкардагони мактабҳо ҳам аз ҷиҳати илмӣ, ҳам аз ҷиҳати тарбиявӣ чандон ба талабот ҷавоб намедиҳанд. Аҷабо?! Ҳар рӯз аз муаллимон имтиҳон мегиранд, диктант менависонанд, боз ба воситаи матбуоту телевизион ҳисоботи роҳбарони онҳо чопу нишон дода мешавад. Ин боз обрӯи муаллимро паст мекунад. Сарчашмаи камбудиҳои онҳо ин айби онҳоест, ки хонондаанд ва диплом додаанд.
Аз таҷрибаи давраи мактабхонӣ, донишҷӯйи институти педагогӣ, аз солҳои ҳамчун омӯзгор шуда кор кардан ҳаминро дар ёд дорам, ки муаллим шахси пешқадам, машъалафрӯзи ҷамъият буд ва бошад. Он солҳо дарси одобнома, соати тарбиявӣ набуд, лекин виҷдон буд, инсоф буд, имон буд, диёнат буд!
Ҳам одобу ҳам илм якҷоя омӯхта мешуд. Талабаҳо ба одобу ахлоқи муаллим, илми муаллим ҳавас менамуданд, пайравӣ мекарданд. Ҳамаи муаллимон ба талабаҳо бо ному фамилия муроҷиат мекарданд. Муаллимҳои ҳамаи фанҳо ба забони адабӣ дарс медоданд. Дар мактабҳои олӣ ҳам шумо-шумо мегуфтанд.
Ба одамҳои хондагӣ ҳама ҳавас мекард. Мудири корҳои тарбиявӣ набуд, лекин як сарвари ҷавонони мактаб тамоми бачагонро идора карда метавонист. Дар мактабҳо навбатдорӣ, линейкаҳои пурмаънӣ, тадбирҳои шавқовари илмию тарбиявӣ аҷоиб мегузаштанд. Тадбирҳои худидоракунии талабагон гузаронида мешуд…
Мехоҳам барои беҳбудии кори мактабҳо иҷрои чунин корҳоро тавсия намоям.

  1. Интизоми қатъӣ ҳам барои муаллимон ва ҳам барои талабагон лозим аст.
  2. Директор, мудири илмӣ ва дигар аъзои маъмурияти мактаб аз маҷлисравиҳо озод карда шаванд. Ҳисоботнависиҳо, коғазбозиҳо кам гарданд.
  3. Назорати дохилии мактаб пурзӯр карда шавад.
  4. Маъмурияти мактаб барои ба муаллим ёрии беғаразона додан ҳар рӯз 4-5-соатӣ дарси муаллимонро мушоҳида ва таҳлил намоянд. Дар идораи директори мактаб барои ҳар як муаллим як дафтари алоҳидаи таҳлили дарс­ҳо бояд бошад. (яъне кори ҳар як муаллим аз ҳамон дафтари таҳлили ӯ ба ҳисоб гирифта мешавад).
  5. Иттиҳодияи методии дохили мактаб аз ҳамаи фанҳо мунтазам аниқу равшан (фақат дар папка не) гузаронида шавад. Роҳбари иттиҳодия рағбатнок кунонида шавад.
  6. Директор ва ҷонишинҳои ӯ ҳамеша бо муаллимону талабагон ҳамроҳ бошанд. Аз рӯйи плани рӯзонаашон, аз рӯйи нақшаи назорати дохилии мактаб ҳар як фанро санҷида, кори муаллимони ҳамон фанро баҳо диҳанд ва дараҷаи илмнокии талабаҳоро аниқ карда дар шӯрои педагогӣ муҳокима намоянд. Ба ҳар муаллим имконият диҳанд, ки барои ҳар як соати дарси худ пухта тайёрӣ бинад, аз материалҳои иловагӣ васеъ истифода барад. Барои донишомӯзии ҳар як талаба масъул бошад.
  7. Аз ҳар як шахсе, ки ба даргоҳи муқаддаси таълим медарояд, маданияти баланди инсонӣ талаб карда шавад.
  8. Муаллимони ҳамаи фанҳо ҳам дар вақти дарс ва ҳам берун аз дарс ба забони адабӣ сухан ронанд. Худашон намунаи ибрати хонандагон бошанд.
  9. Назоратчиёни идораҳои болоӣ баробари назорат ба омӯзгорон ёрии беғаразонаи амалӣ дода тавонанд.
  10. Ҳамаи фанҳо, мавзӯъҳои ҳар як дарс бо тарбия, ахлоқу одоби инсонӣ, ҳисси ватандӯстӣ вобаста карда омӯзонида шавад.
  11. Фанҳои меҳнат, расм, нақшакашӣ, мусиқа, тарбияи ҷисмонӣ низ ҳамчун фанни асосӣ омӯзонида шаванд. (Ҳоло ба ин фанҳо эътибор суст).
    Дарсҳои суруд, расм, нақшакашӣ, тарбияи ҷисмонӣ барои ривоҷёбии шахсияти донишомӯзон, инсони комил шудани онҳо, интихоби касбу кор, донистани санъату маданият, тарбияи маънавияти бачагон аҳамияти калон дорад.

Масъуда НӮЪМОНОВА, нафақахӯри маҳаллаи Қавчинони ноҳияи Самарқанд.