Дар бораи тасдиқи миқдори арзиши ҷамъовариҳо, пардохтҳои иҷора ва хизматҳои якмаротибаинае, ки аз ҷониби маъмурияти бозорҳо ва комплексҳои савдо гирифта мешавад

Дар бораи тасдиқи миқдори арзиши ҷамъовариҳо, пардохтҳои иҷора ва хизматҳои якмаротибаинае, ки аз ҷониби маъмурияти бозорҳо ва комплексҳои савдо гирифта мешавад

  • Post category:Сиёсат

Мувофиқи Кодекси андози Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 26-уми апрели соли 2016 «Дар бораи чораву тадбирҳои боз ҳам такмил додани ташкили фаъолияти бозорҳои деҳқонӣ ва комплексҳои савдо» таҳти рақами ҚП‑1326 (маҷмӯаи ҳуҷҷатҳои қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, шумораи 17, моддаи 131), хати Иттиҳоди бозорҳои вилоят ва комплексҳои савдо аз 4-уми феврали соли 2020 (шумораи 25) ва хулосаи Сарсадорати молияи вилоят ва Садорати андози давлатии вилоят аз 6-уми феврали соли 2020, инчунин хулосаи Садорати адлияи вилоятро аз 19-уми феврали 2020 ба назар гирифта ҚАРОР МЕКУНАМ:

Зеринҳо:

  1. миқдори арзиши ҷамъовариҳо, пардохтҳои иҷоравӣ, ки аз ҷониби маъмурияти бозорҳо ва комплексҳои савдо гирифта мешавад, мувофиқи иловаи 1;
    миқдорҳои пардохтҳои барои ба иҷора додани бино, иншоот ва инвентарҳо ва хизматҳои маҷбурии нишондодашуда, ки аз ҷониби бозорҳо ва комплексҳои савдо гирифта мешавад, мувофиқи иловаи 2;
    миқдори пардохтҳои барои маводи сохтмонии навъи вазнин ва калон, ки дар ҷойҳои махсуси ҷудошуда аз ҷониби маъмурияти бозорҳо ва комплексҳои савдо гирифта мешавад, мувофиқи иловаи 3 тасдиқ карда шавад.
  2. Қарори ҳокими вилоят аз 25-уми январи соли 2019 «Дар бораи муқаррар намудани миқдори нави ҷамъовариҳо, пардохтҳои иҷора ва хизматрасониҳои якмаротибагии аз тарафи маъмурияти бозорҳо ва комплексҳои савдои вилоят рӯёнидашаванда» таҳти рақами 31-Қ аз эътибор соқит дониста шавад.
  3. Хизмати ахбори котиби матбуоти ҳокимияти вилоят (М. Мирзаев) дар рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» эълон намудан, инчунин дар веб-­сайти расмии ҳокимияти вилоят ҷой додани онро таъмин намояд.
  4. Қарори мазкур аз рӯзи эълони расмӣ эътиборан ба қувват медарояд.
  5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба ӯҳдаи ҷонишини якуми ҳокими вилоят Ҷ. Ӯроқов вогузор гардад.

Ҳокими вилоят Э.ТУРДИМОВ
20-уми феврали 2020
№ 22-Қ