Мулоқот бо олим ва пажӯҳишгарони ҷавон

Мулоқот бо олим ва пажӯҳишгарони ҷавон

  • Post category:Маориф

Эркинҷон Турдимов бо фаъолияти Ҷамъияти маҳдудмасъулияти «Teo fundamenproects» шинос шуд.
Ҳокими вилоят лоиҳаҳоеро, ки дар риштаи сохтмону меъморӣ дар корхона ба амал татбиқ мешаванд, аз назар гузаронда, бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии сохтмону меъморӣ ва кормандони илмию пажӯҳишгар сӯҳбат намуд.
Муҳаққиқони ҷавон роҷеъ ба лоиҳаҳои нави дар вилоят татбиқшаванда, натиҷаҳои корҳои тадқиқотии худ ва дигар масъалаҳо фикру пешниҳодҳои худро иброз доштанд.
Дар хотимаи мулоқот қарор карда шуд, ки дар назди Садорати сохтмон ва меъморӣ бо иштироки олимони ҷавон, пажӯҳишгар ва олимони донишгоҳи лоиҳакашӣ клуби музокираҳо ташкил карда мешавад.
Аъзоёни клуб қарор карданд, ки дар ду моҳ як бор мулоқот карда, мубодилаи афкор ва таҷрибаомӯзиро ба роҳ монанд.