Вазифаи асосии ­ дорухонаҳои иҷтимоӣ

Вазифаи асосии ­ дорухонаҳои иҷтимоӣ

  • Запись опубликована:25 февраля, 2020
  • Рубрика записиСаломатӣ

Таъмин намудани аҳолӣ, инчунин, баъзе табақаҳои алоҳидаи одамон, ки соҳиби имтиёз ҳастанд бо доруворӣ ва маҳсулоти тиббӣ аз вазифаҳои асосии дорухонаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Аз ҷумла, дорухонаҳои иҷтимоӣ барои фурӯши яклухти воситаҳои дору ва таҷҳизоти тиббӣ, онҳоро аз таъминотчиёне, ки ба истеҳсоли воситаҳои доругӣ ва таҷҳизоти тиббӣ рухсатнома доранд, мехаранд. (ғайр аз даровардан)
Фурӯши чаканаи доруҳои таъиншуда, ки аз ҷониби Вазорати тандурустии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон тасдиқ шудааст, ё доруҳо тибқи рӯйхати тасдиқшудаи доруҳои таъиншуда, инчунин, ба намудҳои алоҳидаи шахсоне, ки бо тартиби муқарарнамудаи қонун имтиёз доранд, бо доруворӣ таъмин мекунад.
Доруворӣ ва таҷҳизоти тиббиро бо тартиби муқаррарӣ ҳифз ва нобуд месозад. Вазорати тандурустии Ҷумҳурияти Ӯзбекистонро дар бораи таъсири манфӣ ва камсамарии доруҳое, ки дар асоси шикоятҳои истеъмолкунандагон муайян шудаанд, хабардор мекунад. Дар муддати ҳар се моҳ ба Иттиҳодияҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо дар бораи доруҳое, ки ба рӯйхати доруҳои имтиёзноки табобатии беморхонаҳо дохил карда шудааст, инчунин, оиди доруҳои дар дорухонаҳои иҷтимоӣ мавҷудбуда ва дорувориҳое, ки муваққатан дастнорасанд, маълумот тақдим мекунанд.
Ба шаҳрвандон аз рӯйи нигаҳдорӣ ва истифодаи дурусти дорувориву ҷиҳозҳои тиббӣ маслиҳатҳои муфид медиҳад.
Ҳисобҳои электронии ҳаракати доруҳо ва маҳсулоти тиббиро тавассути шабакаи дорухонаҳои иҷтимоӣ мегузаронад, ки ба аҳолӣ дар бораи мавҷудияти доруворӣ ва маҳсулоти тиббӣ маълумот медиҳанд.
Ҳангоми соҳиби литсензияи дахлдор будан доруҳоро дар асоси дорухати шифокор тайёр мекунад ва назорати дохилии сифатро мегузаронад.


Хизмати матбуоти
ширкати саҳҳомии
«Дори Дармон».