Дар бораи тасдиқи арзиши минималии ҳуқуқи истифодаи доимӣ аз участкаҳои замин барои баровардан ба майдончаи савдои электронии онлайн-­музоядаи «E-IJRO AUKSION»

Дар бораи тасдиқи арзиши минималии ҳуқуқи истифодаи доимӣ аз участкаҳои замин барои баровардан ба майдончаи савдои электронии онлайн-­музоядаи «E-IJRO AUKSION»

  • Запись опубликована:28 февраля, 2020
  • Рубрика записиСиёсат

Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 20-уми декабри соли 2019 «Дар бораи чораву тадбирҳои боз ҳам такмилдиҳии тартибу таомули додани участкаҳои замини бекор барои амалинамоии фаъолияти тадбиркорӣ ва шаҳрсозӣ» таҳти рақами 1023, инчунин супориши Девони Вазирон аз 7-уми феврали соли 2020 таҳти рақами 02/1-2631 тавсияҳои Сарсадорати молияи вилоят, Садорати андози давлатии вилоят, инчунин, Садорати захираҳои замин ва кадастри давлатиро ба ҳисоб гирифта,
ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Арзиши минималии ҳуқуқи истифодаи доимӣ аз участкаҳои замин барои баровардан ба майдончаи савдои электронии онлайн-­музоядаи «E-IJRO AUKSION», ки дар асоси тавсияҳои Сарсадорати молияи вилоят, Садорати андози давлатии вилоят, инчунин, Садорати захираҳои замин ва кадастри давлатӣ таҳия шудааст, мувофиқи илова тасдиқ гардад.
  2. Ҳокимиятҳои шаҳру ноҳияҳо:
    якҷоя бо Сарсадорати сохтмони вилоят (Б. Назаров), Садорати захираҳои замин ва кадастри давлатӣ (С. Ҳакимов) ба шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ барои амалинамоии фаъолияти тадбиркорӣ ва шаҳрсозӣ ба савдо баровардани участкаҳои заминро бо тартиби дар ҳуҷҷатҳои қонунӣ нишондодашуда таъмин намоянд.
  3. Ба Садорати инвеститсияҳо ва савдои берунии вилоят (Ф. Маҷидов), Садорати ҳудудии вилоятии Оҷонсии идораи активҳои давлатӣ (С. Маҳмараимов) дар ҳолати бо маҷбуриятҳои инвеститсионӣ ва иҷтимоӣ фурӯхта шудани ҳуқуқи ба участкаҳои замин мавҷудбуда, вазифаи бурдани мониторинги иҷрои ҳамин маҷбуриятҳои инвеститсионӣ вогузор шавад.
  4. Роҳбари хизмати ахбори котиби матбуоти ҳокимияти вилоят (М. Мирзоев), корхонаи давлатии унитарии шафати ҳокимияти вилоят «Маркази рушди технологияҳои ахбор-­коммуникатсия» (Н. Норбеков) эълони қарори мазкурро дар рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник», инчунин ҷойгир намудан дар веб-­сайти расмии ҳокимиятро таъмин намоянд.
  5. Қарори ҳокими вилоят аз 29-уми январи соли 2019 «Дар бораи тасдиқи баҳои ибтидоии ҳуқуқи истифода аз участкаҳои холишудаи замин бинобар ҳудуди ҷойгиршавии участкаҳои замин барои ба музояда баровардан дар майдончаи савдои электронии «E-IJRO AUKSION» таҳти рақами 40-Қ аз эътибор соқит дониста шавад.
  6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи ҷонишинони ҳокими вилоят Ҷ. Ӯроқов, А. Шукуров, О. Хоҷаев, Б. Нуруллоев вогузор гардад.
    Қарори мазкур аз рӯзи расман эълон гардидани он ба қувват медарояд.

Ҳокими вилоят Э.ТУРДИМОВ
25-уми феврали соли 2020,
№ 28-Қ