Имконияти таҳсил ва интихоби касб

Имконияти таҳсил ва интихоби касб

  • Запись опубликована:28 февраля, 2020
  • Рубрика записиМаориф

Дар Маркази ҷавонон намоишгоҳи XIV байналхалқии «Таълим ва ихтисос» доир гардид.
Намоишгоҳ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон, ки хоҳиши дар хориҷа таҳсилгирӣ ва такмили ихтисосро доранд, ташкил гардида, дар он намояндагони муассисаҳои таълими олии Германия, Латвия, Литва, Малайзия, Туркия, Россия ва Хитой, вакилони мактабҳои махсус доир ба забономӯзӣ ва ҳамкорони онҳо дар мамлакат иштирок карданд.
– Дар ярмарка тақдимоти 60 муассисаи таълими олии давлатӣ ва хусусии Туркияро гузарондем, – гуфт вакили расмии Туркия дар Ӯзбекистон Муяссар Қодирова. – Дар байни онҳо 15 донишгоҳ дар радифи 500 муассисаи таълими олии беҳтарини ҷаҳон ҷой гирифтаанд. Ҳоло ҷавонони мамлакати мо ба самтҳои сайёҳӣ ва сохт­мони донишгоҳҳои Туркия бештар таваҷҷӯҳ мекунанд. Чунки дар соҳаи туризм Туркия пешқадам аст ва дар соҳаи бинокорӣ низ ширкатҳои ин кишвар таҷрибаи зиёд доранд. Имрӯзҳо дар корҳои сохтмоние, ки дар мамлакат амалӣ мегарданд, сохтмончиёни туркиягӣ фаъол иштирок мекунанд. Аз ин рӯ, ҷавонони мо ба ин соҳа мароқ зоҳир мекунанд. Мо дар намоишгоҳ ба иштирокдорон дар бораи имконият ва шароитҳо маълумот додем. Ғайр аз ин, дар Туркия барои хатмкунандагони синфҳои нӯҳум мактаби байналхалқӣ ташкил гардидааст. Дар намоишгоҳ доир ба ин мактаб низ маълумот додем.
Дар доираи намоишгоҳ аз тарафи Садорати таъмини шуғли вилоят ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ низ ташкил карда шуд.
Дар он беш аз 130 корхонаву ташкилотҳои шаҳру ноҳияҳо бо қариб 2 ҳазор ҷойи корӣ иштирок карданд. Ба 76 нафар шаҳрванд барои ҷойгир шудан ба кор роҳхат дода шуд. Инчунин, се нафар шаҳрванд барои бозомӯзии касб роҳхат гирифтанд.