Аз як гектар замин 120 миллион сӯм даромад

Аз як гектар замин 120 миллион сӯм даромад

  • Запись опубликована:28 февраля, 2020
  • Рубрика записиИқтисод

Имрӯзҳо дар саросари вилоят моҳонаи ниҳолшинонӣ муташаккилона идома меёбад, ки аз 20-уми феврал оғоз ёфт. Дар ин кори хайр ҷамоаи шӯъбаи таҷрибавии Институти илмӣ-­тадқиқотии боғдорӣ, токпарварӣ ва машруботи ба номи академик Маҳмуд Мирзоев (собиқ Рихард Гредер) саҳми арзанда мегузоранд.
– Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатнома ба Олий Маҷлис, ки дар ҳаёти кишвар рӯйдоди муҳими сиёсӣ ҳисобида мешавад ва ба некӯаҳволию шукуфонии ҷамъият хизмат мекунад, ба такмили хоҷагии қишлоқ низ эътибор нигаронд, – гуфт директори пажӯҳишгоҳи мазкур Тӯлқин Исломов. – Воқеан, дар тасарруфи мо 240 гектар майдон буда, қариб 200 нафар бо боғпарварӣ ва токпарварӣ машғуланд. Мо шӯъбаҳои гуногун дошта, мақсадамон ба аҳолӣ ва хоҷагиҳои фермерӣ дастрас намудани ниҳолҳои мевадиҳанда, серҳосил, ба касалиҳо тобовар мебошад. Ҳар сол ба мизоҷон беш аз як миллион бех ниҳол мефурӯшем, ки нархаш аз бозор арзонтар аст.
– Тӯлқин Искандарович, риштаҳои ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо чӣ хел?
– Бо кишварҳои Русия, Туркия, Тоҷикистон, давлати Исроил, Япония, Болгария ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст. Мо аллакай дар бозори ҷаҳонӣ нуфузи хосса пайдо кардем. Ниятамон ҳамкорӣ ва алоқаи худро бо кишварҳои пешқадам мустаҳкам намудан аст. Ҳоло ба мо яххона лозим. Барои бунёди бинои дорои ғунҷоиши 50 тонна лоиҳа таҳия гардид.

Бе пир марав

Дар ҳудуди шӯъбаи пажӯҳишгоҳ қариб ду ҳазор нафар мардум умр ба сар мебаранд, ки бобо ва падарони онҳо солҳои 50-60-уми асри гузашта ба ин ҷо кӯч баста буданд.
Яке аз чунин оила сулолаи Мавлонбобо Ҳайдаров аст. Ин пирамарди 83 сола, аз аввалинҳо шуда барои ободу зебо гардидани замини ташналаб, ки парранда парвоз кунад қаноташ, одам гардад, пояш месӯхт, омада буд. Ҳоло вай бо ҳамсари меҳрубону вафодор Сабоҳат Иноятова гашти пирӣ меронад. Мӯйсафед ба фарзандон ва набераҳо асрори боғбонӣ ва деҳқониро ёд медиҳад. Ду нафар писаронаш дар Япония, маҳорати худро сайқал додаанд.
– «Аз нек боғ» гуфтаанд, ки ҳақ асту рост, – иброз дошт Мавлонбобо. – Мақсади мо ба ин ҳикмат амал кардан аст.
Дар стансияи таҷрибавӣ Қаҳҳорбобо, Аҳмадбобо, Шоҳимбобо барин мӯйсафедони 80-90 сола умр ба сар мебаранд, ки гули сари сабади ҳар як вохӯрии боғбонон мебошанд.

Давоми анъана

Имрӯзҳо дар маҳаллаи «Гулистон»-и пажӯҳишгоҳ боғбонони ҷавон анъанаи волидайни худро идома медиҳанд. Яке аз онҳо сулолаи Муродовҳо буда, бо ҷоннисорӣ маҳбубият пайдо кардаанд.
– Падарам, раҳматӣ Мардон Муродов низ дар хоначаи зеризаминӣ зиндагӣ кардааст. Вай душвориҳои ҳаётро мардонавор паси сар карда, устухони мо ба ивази нони ҳалол ва арақи ҷабини қиблагоҳ сахт гардид.
Ҳоло ман ҳамчун роҳбари Ҷамъияти маҳдудмасъулияти «Темур агро эксперт» дар панҷ гектар майдон бо парваришу пайванди ниҳолҳои мевадиҳанда машғулам. Масалан, аз себ 7-8 навъ, зардолу 3-4 хел, нок 4-5 хел, олу 6-7 хел парвариш карда, ба дигар хоҷагиҳои фермерӣ мефиристем. Аз як гектар замин то 120-130 миллион сӯм даромад мегирем. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳар кас бо модар-­замин «забон» ёфта меҳнат кунад, албатта фиреб намехӯрад ва соҳиби даромад мегардад.
Дар корҳои саҳроӣ писарам Мизробҷон, арӯсам Парвинабону ва ҳамсарам Назира Муҳаммадиева такягоҳу қаноти ман ҳастанд.
Ҳамеша қиблагоҳам насиҳат мекарданд, ки дигарон дарахт парвариш кардаанд, мо ҳосилашро хӯрдем, акнун мо ниҳол шинонем, то дигарон баҳра баранд!
Соҳибқирон Амир Темур гуфтааст, ки «хоҳ шоҳ бошӣ, хоҳ бенаво бояд ниҳол парвариш кунӣ».
Кош ба ин ҳикмат ҳама амал мекард!

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.