Дар бораи маҳдуд кардани суръати ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯча ва роҳҳои дохилии ҳудуди вилоят, ки дар он ҷо мактаб ва муассисаҳои таълими томактабӣ ҷойгиранд

Дар бораи маҳдуд кардани суръати ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯча ва роҳҳои дохилии ҳудуди вилоят, ки дар он ҷо мактаб ва муассисаҳои таълими томактабӣ ҷойгиранд

  • Запись опубликована:3 марта, 2020
  • Рубрика записиСиёсат

Мувофиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 24-уми декабри соли 2015 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои ҳаракати роҳ» таҳти рақами 370, бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар назди мактаб ва муассисаҳои таълими томактабии ҳудуди вилоят, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки бачагон
ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Пешниҳоди ҷонишини ҳокими вилоят (А. Шукуров), шӯъбаи бехатарии ҳаракати роҳи Садорати корҳои дохилӣ, садоратҳои таълими халқӣ ва таълими томактабии вилоят дар бораи фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҳаракати бехатари иштирокчиёни роҳ дар вилоят, маҳдуд намудани суръати ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар назди мактаб ва муассисаҳои таълими томактабӣ тасдиқ карда шавад.
  2. Мувофиқи иловаҳои 1 ва 2 суръати ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯча ва роҳҳои дохилие, ки дар он ҷо мактаб ва муассисаҳои таълими томактабӣ ҷойгиранд, то 50 км/соат маҳдуд карда шавад.
  3. Ба шӯъбаи бехатарии ҳаракати роҳи Садорати корҳои дохилӣ (А. Носиров) супориш дода шавад, ки то анҷоми соли ҷорӣ дар кӯча ва роҳҳои хоҷагии дохилӣ, ки дар он ҷо мактаб ва муассисаҳои таълими томактабӣ ҷойгиранд, насби аломатҳои роҳ доир ба маҳдудсозии ҳаракати воситаҳои автотранспорт ва назорати мунтазами раванди корро таъмин намояд.
  4. Роҳбари хизмати ахбори ҳокимияти вилоят – котиби матбуот (М. Мирзоев), корхонаи давлатии унитарии «Маркази рушди технологияҳои ахборӣ-­коммуникатсионӣ»-и назди ҳокимияти вилоят (А. Анваров) эълони қарори мазкурро дар рӯзномаҳои «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник», инчунин ҷойгир намудани онро дар веб-­сайти расмии ҳокимият таъмин намоянд.
  5. Қарори мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
  6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи ҷонишини ҳокими вилоят А. Шукуров вогузор гардад.

Ҳокими вилоят Э.ТУРДИМОВ
29-уми феврали соли 2020,
№ 30-Қ