Чаро судяҳои Осиёи Марказӣ ба Самарқанд омаданд?

Чаро судяҳои Осиёи Марказӣ ба Самарқанд омаданд?

  • Запись опубликована:7 марта, 2020
  • Рубрика записиСиёсат

Рӯзҳои 5-6-уми март дар шаҳри Самарқанд таҳти ҳамкории Созмони бехатарӣ ва ҳамкории Аврупо ва Оҷонси ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон мулоқоти II судяҳои Осиёи Марказӣ гузаронида шуд.
Вакили Созмони бехатарӣ ва ҳамкории Аврупо доир ба озодии воситаҳои ахбори оммавӣ Арлем Дезир, намояндагони Оҷонси ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, Фонди ҷамоатии дастгирӣ ва ривоҷдиҳии масс-­медиаи миллӣ, беш аз 40 нафар эксперт-­мутахассисони ботаҷриба, ҳуқуқшиносон, судяҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирокдорони чорабинӣ буданд.
Тадбирро вакили Созмони бехатарӣ ва ҳамкории Аврупо доир ба озодии воситаҳои ахбори оммавӣ Арлем Дезир ва раиси Шӯрои васигии Фонди ҷамоатии дастгирӣ ва ривоҷдиҳии масс-­медиаи миллӣ Комил Алламҷонов ифтитоҳ бахшиданд.
– То ҳол дар ходимони матбуот сензураи худ ва тарсу ҳарос ҳаст, чунки аз тарафи кормандони мақомоти давлатӣ таҳдид ва беадолатиҳо мешавад, – гуфт К. Алламҷонов. – Ягона мақомоте, ки онҳоро ҳимоя карда метавонад, суд мебошад. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки судҳо бояд мустақил, озод кор баранд, ҳар як шаҳрванди норозӣ ба суд муроҷиат карда тавонад, мардум ба ин мақоқот боварии бештар дошта бошад. Дар ин бобат, ташкили конференсия, мубодилаи афкор ва гуфтугӯи мунтазам аҳамияти муҳим доранд.
Сипас, ҷонишини раиси Шӯрои васигии Фонди ҷамоатии дастгирӣ ва ривоҷдиҳии масс-­медиаи миллӣ Саида Мирзиёева, ҷонишини раиси Суди олӣ Бахтиёр Исоқов ва як қатор мутахассисони хориҷӣ дар бораи воситаҳои ахбори оммавӣ ва мавқеи сохтори суди миллӣ дар таъмини озодии сухан ҳарф заданд.
Бояд гуфт, ки тадбири мазкур барои баррасии масъалаҳои муҳим, чун тенденсияҳои нави ҷаҳонӣ, озодии сухан, фаъолияти бемамоният ва бемаҳдудияти воситаҳои ахбори оммавӣ, инчунин, иваз намудани фикр ва таҷриба дар роҳи ҳалли муаммоҳои ин самт вазифаи платформаро иҷро мекунад.
Дар доираи мулоқот стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи озодии сухан ва воситаҳои ахбори оммавӣ, масъалаҳои бехатарии миллӣ, адвокат, таҳқирсозӣ, диффаматсия, яъне тӯҳмат низ муҳокима карда шуданд.
Дар рӯзи дуввум тақдимоти қарорҳои претседентӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ доир гардид. Дар он оиди робитаи суд ва воситаҳои ахбори умум, инчунин, тӯҳмат ва ҳақоратҳо дар воситаҳои ахбори оммавии интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардиданд.