Ҷаннат дар зери қудуми модарон аст

Ҷаннат дар зери қудуми модарон аст

  • Post category:Фарҳанг

Баробари қадр ва эъзоз намудани модарону хоҳарони азиз, мо вазифадорем, ки ба саломативу тарзи ҳаёти онҳо бефарқ набошем. Зеро зан-духтарон имрӯз ғайр аз модари мушфиқ ва маликаи хонадон будан, бо мардон паҳлӯи ҳам истода, дар марҳилаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, маданиву фарҳангӣ ва сиёсӣ фидокорона меҳнат мекунанд. Аз ин рӯ, зан-­духтаронро ҳурмату иззат намуда, нисбати онҳо хушгуфтор, хушмуомила бошем. Чунки зан-модар ҳар яки мо ва фарзандҳои моро ба дунё оварда ҳаёт бахшидааст.
Дар ривоятҳо оварда шудааст, ки Мусо алайҳиссалом назди Аллоҳ Таъоло илтиҷо намуда, фардо дар ҷаннат бо кӣ ҳамсоя шуданашро пурсид. Ӯ ҷавоб дод:
– Эй Мусо, дар фалон ҷой ва фалон манзил қассобе зиндагӣ мекунад ва фардо дар ҷаннат бо ту ҳамсоя ва дӯст хоҳад шуд…
Мусо алайҳиссалом он мардро кофта ёфт ва меҳмони вай шуд. Қассоб таом тайёр намуд ва онро рӯйи дастархон овард. Сипас, аз дарун сабадеро бардошта омад, ки дар даруни сабад кампире хобида буд. Чӣ тавре, ки кӯдакро хӯрок медиҳанд, он кампирро ҳамин тавр хӯрок дод. Дар ҳамон ҳолат кампир бо овози паст пичир- пичир карда, чизе гуфт. Мусо алайҳиссалом пурсид:
– Ин кампир кист?
– Модарам.
Вай шину хез карда наметавонад, ҳар рӯз ҳамин тавр хӯрок медиҳам, нигоҳубинаш мекунам, – гуфт қассоб.
Мусо алайссалом боз суол кард:
– Баъд аз хӯрок хӯронидан модарат чиҳо гуфта пичиррос зад?
– Ӯ дуо карда мегӯяд, ки «Эй парвардигор, ман аз фарзандам розиям, вайро дар биҳишт дар қатори ҳазрати Мусо алайҳиссалом ҳамсоя кун» – ҷавоб дод қассоб. Ва ниҳоят, Мусо алайҳиссалом худашро ба қассоб шиносонид ва гуфт, ки ба ман нидо омад, ки «ту дар биҳишт бо фалон қассобе ҳамсоя хоҳӣ шуд». Яъне дуои модарат иҷобат гардид ва ҷойи ту дар биҳишт аст.
Беҳуда нагуфтаанд, ки «ҷаннат дар зери қудуми модарон аст». Яъне эъзози модарон баробари ба даст овардани биҳишти ҳақиқӣ ба шумор меравад. Илоҳо, дасти дуои модарони мушфиқ дар ризоияти фарзандон ҳамеша боз бошад.

Наврӯз БОБОРАҲМАТ.