15 маслиҳати фоидаовар барои пешгирии коронавирус

15 маслиҳати фоидаовар барои пешгирии коронавирус

  • Запись опубликована:7 марта, 2020
  • Рубрика записиСаломатӣ

Корона ё худ тоҷвирусҳо гурӯҳи ба ҳам аз ҷиҳати ирсӣ наздики вирусҳо мебошанд, ки ба ҳайвонот ва одамон мегузаранд. Гоҳо чунин сироят бенишон мегузарад, гоҳо ба шакли шамолхӯрии назарногире. Аз ин ҳолати вазнин сирояти вируси мазкур газаки шуш ба миён омада, метавонад сабаби марг низ гардад.

Роҳҳои гузаштани вирус

Тоҷвирус аз шахси бемор ба солим одатан ба воситаи чакраҳои луобу оби бинӣ ва балғам, ки дар худ вирус доранд, дар вақти гап задан, атса додан, сулфа кардан мегузарад. Ҳангоми сулфа кардан дар атрофи бемор дар масофаи то 3 метр як мавзеи пур аз вирус пайдо мегардад, ки барои атрофиён хеле хатарнок аст. Инчунин, ҳар чизе, ки бемор дар наздикии он қарор гирифта буд, ё даст расонид, метавонад манбаи вирус ва сироят гардад.

Роҳҳои пешгирӣ

  1. Реҷаи корӣ ва дамгириро риоя кунед. Аз хоб сер шавед.
  2. Дуруст ғизо хӯред – барои солимии ҷисм на кам аз 400 г. маҳсулоти растанигӣ ҳар рӯз хӯрдан лозим аст. Хӯрок бояд гуногун ва аз маводи фоиданок бой бошад.
  3. Маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин, сабзавоту меваҷоту кабудиҳоро бештар истеъмол намоед.
  4. Ба дараҷаи кофӣ об нӯшед. Ба ҳисоби миёна 30 мл. ба 1 кг. вазни ҷисм. Оби хунукро нанӯшед. Обро қисм – қисм дар давоми рӯз ва ним соат пеш аз хӯрок ва байни хӯрокхӯрӣ нўшед.
  5. Ҷисман фаъол бошед – гимнастикаи ҳамарӯзаи бамеъёр масунияти ҷисмро то 32 фоиз баланд мебардорад.
  6. Ба ҷойҳои серодам наравед. Аз дастфишорӣ ва рӯйбусӣ худдорӣ кунед.
  7. Ба назди одами бемор бе воситаҳои муҳофизӣ аз 3 метр наздиктар наравед.
  8. Аз танпоккун, рӯйҷоҳо, зарфҳо ва дигар воситаҳои касал истифода набаред.
  9. Аз маскаи ҷарроҳии тиббӣ истифода баред. Шояд маскаи беҳтарин маскаи чорқабатаи докагӣ бошад, ки дар миёнаш қабати пахта дорад. Онро шуста, дарзмол карда, муддати зиёде истифода бурдан мумкин аст. Кашидани ниқоби тиббӣ ба рӯй ҳангоми муоширати сиҳат бо бемор ва бемор бо сиҳат барои пешгирии касалшавӣ зарур аст.
    Дар ҷойҳои серодам аз ниқоби тиббӣ истифода баред, дар нақлиёт, ҷойи кор, ҷойи дарсомӯзӣ, консертҳо, чорабиниҳои варзишӣ ва ғайра:
  10. Оби бинӣ ва ё луоби даҳону балғамро дар ҷойҳои кушод берун напартоед.
  11. Дастонатонро баъди ҳар дафъаи ба предметҳои беруна расидан бо собун шӯед.
  12. Хонаро тез – тез ҳавои тоза диҳед ва чанги онро бо латтаи нам пок кунед.
  13. Тамоку ва нос накашед. Агар имкони партофтан нест, пас камтар кашед, то зарари он ба шумоён камтар шавад. Инчунин, дар ҷойҳои беодам тамоку кашед ва партоби носро танҳо ба канализатсия (ташт) партоед, агар касал бошед, вирусатон ба дигарон сироят накунад. Тамоку ва нос ҷисми шуморо заҳролуд намуда, масунияти шуморо паст мефарорад, қобилияти девории пардаҳои луобиро то 3 баробар паст намуда, барои гузаштани вирусҳо аз қабати онҳо шароит муҳайё месозад.
  14. Нӯшокиҳои алкоголӣ нанӯшед. Онҳо ҷисмро заҳролуд намуда, масуниятро заиф мегардонанд, пардаҳои луобиро хушк намуда, қобилияти муҳофизавии онҳоро паст менамоянд ва барои вирусҳо дарҳоро мекушоянд.
  15. Ҳар рӯз на кам аз 3 бор биниро бо намакоби соданок (ним қошуқча намаки ошии баҳрӣ+ ним қошуқча содаи хӯрок + 1 стакан оби ширгарм) бо роҳи кашидан ба бинӣ шӯед.
    Гулӯро низ бо намакоб баъди хӯрок ғарғара намоед. Хусусан, баъди муошират бо одамон ин амал ҳатмист.