Номи некаш монд дар дил ёдгор…

Номи некаш монд дар дил ёдгор…

  • Запись опубликована:7 марта, 2020
  • Рубрика записиФарҳанг

Дар қабристони «Ҳафт гӯр»-и деҳаи Боғимайдони шаҳри Самарқанд боз як хоктӯда – қабри нав пайдо шуд, ки ин хокҷойи устоди азиз, номзади фанҳои филология, профессори ДДС олими варзидаи илми забоншиносӣ, марди хоксору накӯном, яке аз абармардони Самарқанд Амон Воҳидов мебошад. Марги нобаҳангом ӯро аз байни фарзандону дӯстон ва шогирдони содиқу ҳамкорон ба як умр рабуд. Ҳамон рӯз садҳо одамони шиносу ношиноси Амонака бо мақсади фотиҳахонӣ ба ҳавлии ӯ даробаро мекарданд. Писаронаш, алалхусус, Шаҳриёр дар назди дарвоза хотирпарешон меистод. Ӯ ғамгин оби дида мерехт. Фазилатҳои бузурги инсонии падарро ба хотир оварда, аз ин фалаки каҷрафтор шикоят мекард. Даҳҳо шогирдони содиқаш ҳазину ғамгин буданд. Гӯё онҳо мисраъҳои зерини шоирро такрор вирди забон оварданӣ мешуданд:
Фарёд зи дасти фалаки ҷомакабуд,
Ёрони маро ягонғягон-омаду бурд.

Ман ҳам дар гӯшае истода, худ ба худ хотираҳоямро нисбати Амон Воҳидов, ки беш аз 40 сол ҳамчун шогирд аз ин марди накӯном таҷрибаи ҳаёт омӯхта будам, пеши назар овардам.
Устод дар ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта, ба мо, донишҷӯёни донишгоҳ аз фанни забоншиносӣ дарс мегуфт. Бо мо ҳалимона сӯҳбат мекард. Мудом табассуму ханда аз лабонаш канда набуд. Чун баъзе муаллимон такаббуру манманӣ намекард. Дар санҷишу имтиҳонҳо ҳам бо мо хоксорона муомила мекард. Дар баъзе мавридҳо аз сафари кориаш, ки чанд сол дар Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳамчун ходими илмӣ фаъолияти босамар нишон дода буд, ҳикоятҳо мекард. Устодонаш Раҳим Ҳошим, Носирҷон Маъсумӣ, Тӯрақул Зеҳнӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Вадуд Маҳмудӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Қутбиддин Муҳиддиновро ба хотир оварда, такрор мекард, ки олимони забардасти илми калом буданд, нисбат ба шогирдон дили гарму пурмеҳр доштанд.
Бале, маҳз дар ҳамон вақтҳо Амон Воҳидов ҳамчун олими ҷавон бевосита барои тартиб додани «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (Москва, 1969) ҳиссаи муносиб гузошт, дили ӯро ба илми луғатсозӣ гарм карда, барои боз ҳам чуқуртар омӯхтани он кори илмиро давом дод. Сонитар, дар мавзӯи «Характеристикаи структурӣ – семантикии калимаҳо дар «Ғиёс-­ул-­луғот»-и Муҳаммад Ғиёсиддин рисолаи номзодиро бомуваффақият ҳимоя намуд ва то нафаси вопасин соҳаи луғатшиносии забони тоҷикро аз асрҳои миёна то замони имрӯза омӯхт ва ҳамчун фарҳангшиноси бузургу тавоно ном баровард. Асарҳои офаридаи ӯ имрӯз як мактаби луғатшиносӣ, барои олимони ҷавон ҳамчун дастуруламал хизмат хоҳад кард. Водареғо, акнун ҳар гоҳ симои пурмеҳри устодро пеши назар оварем, ҳамоно гуфтаҳои Фирдавсии бузург ба хотир меояд:
Меҳроби намозу қиблае гум кардем,
Ҳайфо, ки сари силсилае гум кардем.

Дар оғӯши хаёлот будам, ки нохост овози «ректор омад, ректор омад»-и ҳозирон маро ба худ овард. Бале, ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд доктори фанҳои техникӣ, профессор Рустам Холмуродов дар яке аз курсиҳо нишаста, сураеро аз Қуръони маҷид қироат карду вақти бозгашт бо писари устод Шаҳриёр ҳамдардӣ изҳор карда, гуфт:
– Писарам, падаратон Амон Воҳидовро ҳар чӣ қадар олими сермаҳсул гӯям ҳам, боз камӣ мекунад. Баробари ин, марди ҳалиму хоксор буд. Дили бузургу софу беғубор дошт, ҳақиқатпарвар буд. Риёкор, суханчин, муфтхӯр ва ҳасадхӯронро чашми дидан надошт. Ба шогирдонаш меҳрубону вафодор буд. На танҳо дар Самарқанд, балки берун аз он – дар Тоҷикистон ҳама олимони забоншинос ӯро ҳурмат мекарданд. Дар корҳои ҷамоатии донишгоҳ фаъол буд. Дареғо ки мо ҷамоаи бисёрнафараи муаллимон ва донишҷӯён аз чунин олими бузург абадӣ ҷудо гаштем. Албатта, бо ин гуна падар фахр кунед, меарзад. Бандагӣ будааст. Бардам бошед. Номи неку кори неки падари шумо – олими беҳамто мудом дар дилу дидаи мост.
Шаҳриёр Рустам Холмуродовро гусел карду ба хотираш байти кадом шоире, ки падараш дар қайди ҳаёт будан ҳар замон мегуфт, омад:
Чун намемонад ҷаҳони беқарор,
Номи накӯ беҳ, ки монад ёдгор.

Боз дар банди хаёлот ғӯта задам. Чор сол қабл устод аз зани меҳрубону вафодори худ Муҳаббат Воҳидова абадӣ ҷудо гаштанд. Баъди бемории на он қадар тӯлонӣ риштаи умри завҷаашон канда шуд. Охир онҳо беш аз 50 сол дар як болин сар монда, ғаму шодии зиндагиро ба ҳам чашиданд, фарзандони соҳиби ақлу тамизро ба воя расониданд. Дар маъракаи 40-и занашон фишори хун баланд ва ба дил дарду сӯзиш пайдо шуду фарзандон ба шифохона хобониданд. Санҷиши табибон маълум кард, ки дар дилаш нуқсе пайдо шудааст. Баъди табобат устод сиҳат шуда, аз нав роҳи донишгоҳро пеш гирифт. Ман ба устод зуд-­зуд телефон карда саломатиашро мепурсидам. Ҷояш ояд, вақт ёфта вомехӯрдем. Ин гуна сӯҳбату вохӯриҳо асосан дар яке аз харакҳои хиёбони донишгоҳ ва ё ягон қаҳвахонаи наздик қарор мегирифт.
Ҳа, хотираҳо пеши назар меоянду ҳамоно шеъри Восифии бузургро оҳиста вирди забон меоварам, ки гӯё шоир онро аз забони устоди шодравон Амон Воҳидов гуфта бошад:
Мероавам аз кӯйи ту бо ҷони пурғам, хайр бод,
Бо дили пуроташу бо чашми пурнам, хайр бод.

Шодравон устод шефтаи фасли баҳор буд. Накҳати гулу майсаҳои худрӯйи наврӯзӣ, чаҳ-­чаҳи форами паррандагони гуногунро хеле дӯст медошт.
Аз суруду таронаҳои наврӯзии санъаткорон курта-­курта гӯшт мегирифт. Дӯстону шогирдонашро муборакбодӣ мекард. Дар оила таомҳои баҳорӣ мефармуд. Гоҳ-­гоҳ дар талу теппаҳои Афросиёби қадима мебаромаду ба болои майсаҳои навхез нишаста, лаҳзаҳо ба дарёи хаёлот ғӯтавор мешуд.
Ҳаво тираву ғамнок. Борони маҳин шакармонанд меборад. Ман бо шогирдони содиқу вафодори устод Анзурат Хонхӯҷаева ва Нодирҷон Қаюмов дар сари қабри дирӯзпайдошудаи Амон Воҳидов чанд дақиқа хомӯш истода, дастагули тару тозаеро оҳиста болои қабр гузоштем. Шамоли нофораму серун сару рӯйи моро мелесад. Гӯё табиат ҳам мотамзада буд.
– Ако, Шайх Саъдӣ бисёр дуруст фармудааст, – гуфту Нодирҷон бо овози ҳазин байти зерини шоирро ба забон овард:
Бигзор то бигирям чун абр дар баҳорон,
К‑аз санг нола хезад, рӯзи видои ёрон…

Ҳамза ҶӮРА.