Ҳайати намояндагони Нидерландия дар Самарқанд

Ҳайати намояндагони Нидерландия дар Самарқанд

  • Post category:Иқтисод

Дар Маркази ҷавонони Самарқанд форуми агро-­бизнеси «Ӯзбекистон-­Нидерландия» баргузор гардид.
Дар форум ҳайати намояндагони Нидерландия таҳти сарварии мушовири Шоҳигарии Нидерландия роҷеъ ба масъалаҳои хоҷагии қишлоқ – Маувес Бравер, ҷонишини раиси Палатаи савдову саноати Ҷумҳурияти Ӯзбекис­тон Ф. Усмонов, соҳибкорони хориҷӣ ва маҳаллӣ иштирок карданд.
Тадбирро ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки мақсад аз ташкили форум васеъ кардани доираи ҳамкориҳо бобати парвариш ва аз нав коркарди меваю сабзавот, чорводорӣ ва паррандапарварӣ, парвариши дарахтҳои мевадиҳанда ва растаниҳо, бунёди гармхонаҳо, инчунин, татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар ин самт мебошад.
Нахуст ба меҳмонон дар бораи салоҳияти кишоварзии Ӯзбекистон ва вилояти Самарқанд маълумот дода шуд. Инчунин, ярмаркаи маҳсулоти истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ташкил гардид.
– Ӯзбекистонро дар радифи кишварҳое шумурдан мумкин аст, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ босуръат ривоҷ меёбанд, – гуфт Маувес Бравер. – Дар ин самт саҳми Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев беназир аст. Чунки аз тарафи сарвари кишвар барои пурзӯр кардани қудрати иқтисодии мамлакат чорабиниҳои муҳим иҷро гардида, на танҳо барои соҳибкорони маҳаллӣ, балки барои инвесторони хориҷӣ низ имкониятҳо фароҳам гардидаанд. Робитаҳои савдо-­иқтисодӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ ба зинаи нав баромад. Агар ислоҳотҳо чунин давом кунанд, фикр мекунам, Ӯзбекистон ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил мегардад.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар Ӯзбекистон 75-то ширкатҳои Нидерландия фаъолият доранд ва дар оянда дучанд зиёд кардани адади онҳо дар назар аст.
Дар доираи форум дар формати В2В вохӯриҳо гузаронида шуда, дар он вакилони доираи соҳибкории ду кишвар, аз ҷумла сардорони беш аз 40 ширкати Нидерландия дар соҳаҳои чорводорӣ, паррандапарварӣ, боғдорӣ ва монанди ин масъалаҳоро роҷеъ ба васеъ кардани робитаҳои савдо-­иқтисодӣ, ривоҷдиҳии ҳамкориҳои манфиатовари байниҳамдигариро баррасӣ намуданд.

Ҳусайн ЭЛТОЕВ.