Мақсад: истеҳсоли маҳсулоти безарар ва хушсифат

Мақсад: истеҳсоли маҳсулоти безарар ва хушсифат

  • Запись опубликована:13 марта, 2020
  • Рубрика записиИқтисод

Пареррӯз садорати вилоятии Нозироти назорати маҷмӯаи агросаноати назди Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар ноҳияи Пайариқ пресс – тур ташкил кард. Иштирокчиёни он кормандони назорати мазкур, вакилони ҳокимияти ноҳияи Пайариқ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ буданд.
Даромади солона – 250 миллион сӯм
Сокини маҳаллаи Аҳмад Яссавӣ Мирзоҳид Турсунқулов соли 2016 дар 1 гектар майдон гармхонаи хусусӣ бунёд кард, ки тобеи ҶММ «CHELAK EKO GAZ» мебошад. Дар он асосан навъи «Стингер» – и бодиринг, инчунин, якчанд навъи кабудиҳо, помидор ва лимӯ (150 бех) мерасонанд. Барои сохтани гармхона 300 миллион сӯм харҷ шудааст. Бодирингро бо усули чакрагӣ обёрӣ мекунанд. Барои гармкунии гармхонаҳо аз ангиштсанг истифода мебаранд. Соле аз гармхона ба миқдори 250 миллион сӯм фоида мегиранд.
– Корро бо 4 нафар коргар оғоз карда будам. Имрӯз адади онҳо ба 15 нафар расид. Дар 50 холи гармхона 9000 бех навъи «Стингер» – и бодирингро коридем. То имрӯз 22 тонна бодиринг гирифтем. Боз 10 тонна ҳосил хоҳем гирифт. Дар байни бодирингҳо лимӯ, кабудӣ ва помидор ҳам коридем. Ниятам маҳсулотро дар оянда, ба хориҷа содирот намудан мебошад, – гуфт зимни сӯҳбат М. Турсунқулов.
Аз як гектар – 200 тонна ҳосил
Гармхонаи замонавии, ҶММ «NEXT CONSTRUKCION», ки бо усули гидропоникӣ маҳсулот мерасонанд, чоряки чоруми соли 2019 ба кор даромадаст. Он бо усули технологияи замонавии Кореяи Ҷанубӣ обёрӣ карда мешавад. Гармхонаро ба тарзи автоматикӣ идора карда, ҳарорати 32-35 дараҷаро нигоҳ медоранд. Ба бунёди он 4 миллиард сӯм маб­лағи тадбиркорони маҳаллӣ ва 16 миллиард сӯм сармояи хориҷӣ сарф гардидааст. Дар ду гармхонаи 2 гектара зиёда аз 40 нафар кор мекунанд. Дар ин ҷо асосан навъи «Пин парадайа» – и японии помидорро мерасонанд. Агрономи кореягӣ Сонг Мёнг Ги, ки таҷрибаи чорякасрина дораду дар Ӯзбекистон 3 сол боз кор мекунад, ба коргарони гармхона тарзи корбариро ёд медиҳад. Бино ба гуфтаҳои вай ин навъи помидор дар 4 моҳ пухта, бо серҳосилӣ аз дигар навъҳо фарқ мекунад. Аз як гектари он то 200 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст. Маҳсулотро асосан ба Россия содирот мекунанд.
10 навъи маҳсулоти ширӣ истеҳсол мегардад
Маҷмӯаи ба чорводорӣ ихтисосонидашудаи «Sutello» дар маҳаллаи Янги ободи ноҳия тобистони соли 2017 ба кор шурӯъ кардааст. Имрӯзҳо дар он беш аз 100 сар говҳои зотҳои «Голштейн», «Симментал» ва «Швид» – и хориҷӣ ва бузҳои бразилиягиро парвариш мекунанд. Дар маҷмӯа аз шири гову бузҳо панир, творог, сметана, қаймоқ, йогурт барин қариб 10 навъ маҳсулоти босифат тайёр мекунанд. Рӯзе аз ҳар сар гов ба ҳисоби миёна 30-33 литр шир меҷӯшанд. Ҳар як сар буз рӯзе ду маротиба 3 литрӣ шир медиҳад. 900-1000 литр шир коркард мешавад.
– Ба тозагии молхонаҳо, ратсиони хӯрокаи гову бузҳо эътибори ҷудогона медиҳем. Гову бузҳоро соле ду маротиба зидди бемориҳо эм мекунем. Шири буз ба бемории диабети қанд даво аст. Дар 61 гектар замини маҷмӯа барои гову бузҳо хӯрок мерасонанд. Коргарони маҷмӯа се маротиба бо хӯроки ройгон таъминанд, – гуфт – ветеринари маҷмӯа Алишер Абдусаидов.

Ҷамшед ОБИДОВ.