Нуринисо Усмонова: Эҳсос намудам, ки гимнастика танҳо барои ман аст

Нуринисо Усмонова: Эҳсос намудам, ки гимнастика танҳо барои ман аст

  • Запись опубликована:13 марта, 2020
  • Рубрика записиФарҳанг

– Бидуни эътибору дастгирии ҳамаҷонибаи падару модарам, наздикон ва албатта устодам Елена Асланова ба ин муваффаққият ноил шуда наметавонистам. Дар 4 солагиам бобоям маро ба толори гимнастика оварда буданд. Ҳеҷ вақт нагузашта, баъди машғулотҳои пайдарпайи варзишӣ дарк намудам, ки ин соҳа айнан барои ман аст. Бисёрии падару модарон мехоҳанд, ки фарзандонашон бо машғулотҳои ин ё он соҳа шуғл варзад. Аммо то ки дар дили бача нисбати он соҳа шавқу завқ набошад, ҳаракати волидон фоидае надорад. Барои соатҳои зиёд бо сабру субот машғулот гузаронидан, аввало ин айнан соҳаи ту буданашро дуруст дарк кардан лозим аст. Дар ҳамон вақт албатта, мутахассиси соҳа шуда, ба муваффаққият ноил мегардад, – иброз дошт соҳиби мукофоти давлатии ба номи Зулфия, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Самарқанд Нуринисо Усмонова.
Нуринисо аз рӯйи намуди гимнастикаи бадеии варзиш дар чемпионатҳои ҷумҳуриятиву байналхалқӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол кардааст. Аз синни чорсолагӣ дар дунёи варзиш ворид гашта, то имрӯз варзиш ба мазмуни ҳаёташ табдил ёфтааст. Натиҷаи меҳнати пурмашаққат ва шуғлварзии доимии ӯст, ки аз соли 2017 мукофотдори мусобиқаҳои Осиё ва байналхалқӣ мешавад. Ӯ дар мусобиқаҳое, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Малайзия, Таиланд, Индонезия ва Озарбойҷон гузаронида шудааст, бомуваффаққият иштирок намуда, бо таассуротҳои зиёд баргаштааст.
Ҳоло дар курси якуми факултети тарбияи ҷисмонии ДДС таҳсил мегирад.