Вохӯрӣ дар арафаи ид

Вохӯрӣ дар арафаи ид

  • Post category:Маориф

Чанде пеш ҳангоми дарс дар синфи сеюм ба шогирдон супориш додам, ки аз «Китоби хониш» шеъри «Хоки Ватан»-и Маҳбуба Неъматзодаро аз ёд намоянд.
Шеър он қадар равону содда ва пурмаъно буд, ки рӯзи дигар хонандагони синф бо шавқ гуфта доданд ва баҳои аъло гирифтанд.
Бо ду-се хондан худам ҳам ин шеърро аз ёд намудам. Дар китобҳои хониши синфи якум, дуюм ва чорум низ шеърҳои «Борони ҳамал резад», «Беҳунар», «Арчаи солинавӣ»-и Маҳбуба Неъматзодаро хонда, ба эҷодиёти рангини ӯ дил бастам. Росташро гӯям дар шаҳри Самарқанд, дар наздикии мо зистани ӯро намедонистам. Баъди шиносоӣ бо китоби «Одоб ҳусни инсон аст»-и шоираи хушбаён ва маҳбуби бачаҳо Маҳбуба Неъматзода дар дили мо омӯзгорону хонандагони мактаби деҳаи Сойиғӯс орзуе пайдо шуд. Мо бисёр мехостем, ки ин шоираро аз наздик дида, шеърҳои равонашро аз забони худаш бишнавем. Ниҳоят дар арафаи иди Наврӯз Маҳбуба Неъматзода бо хоҳиши мо ба мактаб мон омад. Дар саҳни мактаб бо иштироки хонандаҳои синфҳои ибтидоӣ вохӯрие баргузор гардид, ки як умр дар ёдҳо мемонад.
Аввал бачаҳо бо навбат аз китоби нави Маҳбуба Неъматзода «Одоб ҳусни инсон аст» шеърҳо қироат карданд.
Сипас, навбатро ба худи шоира додем. Меҳмон бо шавқ шеъру чистонҳои равону обдор хонда, табъи ҳозиронро шод кард. Лаҳзаи чистонгӯии Маҳбуба Неъматзода хеле аҷиб гузашт. Ӯ бо завқ паси ҳам чистон мегуфту бачаҳои донои мо зуд ҷавоби чистонҳоро ёфта, хотири муаллифро шод мекарданд.
Чун навбати саволу ҷавоб расид, бачаҳо аз нависанда хоҳиш карданд, ки аз шеърҳои тозаэҷоди худ хонда диҳад.
Маҳбуба Неъматзода шеърҳои бо номи «Китоби хониш» ва «Машқи парвоз»-ро хонда дод, ки ба мо хеле хуш омад.
Мактаби мо дар маркази деҳаи зебоманзари Сойиғӯс, байни кӯҳҳои баланд ҷой гирифтааст. Аз байни деҳа дарёчаи зулоли Сойиғӯс ҷорист, ки оби хеле ширин дорад. Мисли табиати зебои деҳа бачаҳои ин ҷо рангинхаёл ва равонтабъанд, ки баъзеҳо дар мавзӯҳои гуногун шеър менависанд.
Хонандаи синфи чорум Ойзебо Ҳамроқулова ва хонандаи синфи сеюм Баҳора Алишерова шеъри худ — «Мӯрчаҷон» ва «Наврӯз дар Сойиғус»-ро қироат карданд.

Хуршеда ҚОДИРОВА,
омӯзгори мактаби таълими умумии рақами 32-и ноҳияи Ургут
.