Овозаи Наврӯзи Тешиктош ба ҷаҳон  доман паҳн кард

Овозаи Наврӯзи Тешиктош ба ҷаҳон доман паҳн кард

  • Рубрика записиҶамъият

Деҳаи Бешкони ноҳияи Ургут табиати дилрабо дорад: аз як тараф доманаҳои сабз, аз ҷониби дигар чашмаҳои табиӣ, дар як сӯ кӯҳҳои барфпӯши пурвиқор. Дар байни дараҳо сангҳои гуногуншакле ба назар мерасанд, ки худи табиат онҳоро зинат додааст. Ҳамаи инҳо ба ин мавзеъ обу ҳавои хос ва зебоӣ тақдим кардаанд. Дар ин табиати хушманзара бо иштироки аҳли даҳҳо деҳаҳои ноҳия иди Наврӯз ба сайргоҳи ҳақиқӣ табдил ёфт.
Аҳли деҳаҳои Бешкон, Қоратеппа, Вағаштӣ, Халқобод аз субҳи барвақт ва меҳмонон аз маркази вилоят «Маскани Тешиктош дар куҷо бошад?» гӯён ба роҳ баромаданд. Доманаи талу теппаҳо идона зинат ёфтаанд, бо мақсади ба маркази сайёҳӣ табдил додани мавзеъ хаймаю пуштаҳо аз гулҳо моломол буданд. Дарахтони мевадори доманаи толҳо шукуфтаанд. Аз ҷониби аҳли кӯдакистону мактабҳо, фаъолони деҳа таомҳои миллӣ ва намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ таҳия шуданд, донишомӯзони мактаби санъат ва мусиқии бачагон бо оҳангу таронаҳои дилангези худ ба ид шукӯҳи тоза бахшиданд. Дар як гӯша паҳлавонҳо гӯштӣ мегирифтанд, дар ҷойи дигар аспсаворон ба мусобиқа омодагӣ медиданд. Магар айёми баҳор бе сумалак мегузарад? Донишомӯзони мактаби таълими умумии рақами 44-и деҳаи Бешкон тамоми бегоҳ бо ҳар гуна бозию тамошо машғул шуда, сумалак пухта, дар рӯзи ид ин неъматро ба мардум пешкаш карданд. Гурӯҳи дигари фаъолон дар дегҳои калон оши палав пухтанд.
– Ҳар сол дар ин ҷо бо аҳли деҳа барпо кардани иди Наврӯз одат шудааст, – гуфт омӯзгори фанни таърих Беҳрӯз Фозилов. – Имсол ид шукӯҳи хоса дорад, мавзеи мо идро дар миқёси калон ҷашн мегирад, бинобар ин, ҷой ба мавзеи таърихӣ табдил меёбад. Аз маскани Тешиктош осори таърихии садаҳои V-VI пеш аз милод ёфт шудаанд. Ҳоло олимони таърихшинос ин мавзеъро боз амиқтар меомӯзанд. Иди Наврӯз таърихи тӯлонӣ дорад, аҷаб нест, ки сокинони ин маҳал аз ин садсолаҳо пеш идро бо ҳамин гуна шукӯҳу азамат ҷашн мегирифтанд.
Дар дастаи аспсаворони ба мусобиқа омода гардида як навҷавонро дида ҳайрон шудем.
– Падарам ва падаркалонам ҳам саворкор буданд, – гуфт Хуршед Хуррамов, ки навраси 14-сола буда, аз деҳаи Қайнарбулоқ будааст. – Амолу ҳунари ҷавони ҳақиқӣ аспсавори аст.
Бадеҳагӯию сурудхонии зану духтарон, саломгӯии арӯсон, ороиши баҳории доманаи талу теппаҳо ба кас рӯҳияи шодмонии идона ато мекунад. Парвози шарҳо дар ҳаво ба мардум тӯҳфаи ҳақиқии идона гардид.

З.БОЛТАЕВА.