Ба тавсияҳои санитарӣ-­гигиенӣ риоя кунед!

Ба тавсияҳои санитарӣ-­гигиенӣ риоя кунед!

  • Запись опубликована:17 марта, 2020
  • Рубрика записиСаломатӣ

Имрӯзҳо дар саросари ҷаҳон эпидемияи коронавирус васеъ доман паҳн мекунад. Қисми зиёди шаҳрвандон аллакай медонанд, ки дар натиҷаи сирояти ин беморӣ баъзе одамон вафот карданд.
Дар мамлакати мо дар асоси Фармойиши Президенти мамлакат аз 29-уми январи соли 2020 «Дар бораи ташкили Комиссияи махсуси ҷумҳурӣ доир ба омодасозии барномаи чораву тадбирҳо аз рӯйи пешгирии ворид гардидан ва паҳншавии намуди нави коронавирус ба Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» ва баённомаи ҷамъомади кимиссияи махсус аз 27-уми феврали соли 2020 бобати пешгирии сироят ба коронавирус як қатор чорабиниҳо амалӣ мегарданд.
Баробари ин, мо маҷбурият ва ӯҳдадориҳои худро, ки иҷро намудани онҳо барои ҳар яки мо ҳатмист, набояд фаромӯш кунем.

Бо мақсади гирифтори коронавирус нагардидан ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятии дигар Садорати давлатии назорати санитариву эпидемиологии вилояти Самарқанд ба Шумо иҷрои амалҳои зеринро тавсия медиҳад:
– Бо хешовандон ва кормандоне, ки аз кишвари хориҷӣ омадаанд, то муддати 14 рӯз аз мулоқот худдорӣ кунед, истифодаи ниқоби тиббиро барои худ ва наздиконатон таъмин намоед;
– Ҳолати санитарии умумии ҳудуди корхона, муассиса, ташкилотеро, ки роҳбарӣ мекунед, ӯтоқҳои корӣ ва мабразхонаҳои биноро тозаву озода нигоҳ доред;
– Бо ташкилотҳои мутасаддӣ шартнома имзо намуда, мунтазам корҳои поккорӣ, безараргардонӣ (дезинфексия), дератизатсия ва дезинсексияро анҷом диҳед;
– Дар хона ва ӯтоқҳои корӣ ҳарорати мӯътадилро нигоҳ дошта, ҳар замон тирезаҳоро кушоед ва ҳавои хонаро тоза намоед;
– Қуттии тиббии воситаҳои доругиро ташкил кунед;
– Барои сироят нагардидани вирус пеш аз ҳама ба қоидаҳои гигиенӣ риоя кунед. Аз кӯча омада, албатта дасти худро бо собун шӯед;
– Гӯшаҳои шахсии гигиениро ташкил кунед (воситаҳои безараркунанда, дастпоккунҳои коғазини якмаротибаина, сачоқи намнок);
– Ниқоби тиббиро мунтазам иваз намоед;
– Баданро обутоб дода, иммунитетро мустаҳкам намоед ва ба қоидаҳои истеъмоли хӯрокворӣ риоя карда, истироҳати саривақтиро ташкил кунед;
– Косаву табақҳои ошхонаро бо воситаҳои безараргардонӣ шӯед;
– Ҳангоми таб кардан, сулфидан ва душвор гардидани нафаскашӣ зуд ба шифокор муроҷиат кунед.
Агар мо – роҳбарони корхона, ташкилот, муассиса, субъектҳои соҳибкорӣ ва тадбиркорони хусусӣ дар ҷойи корӣ ва манзили истиқоматӣ ба ин қоидаҳо амал кунем, на танҳо ҳамкоронро, балки худро низ аз гирифторӣ ба коронавирус ва дигар бемориҳои сирояткунанда ҳифз менамоем.

Ш.ШОМУРОДОВ,
иҷрокунандаи вазифаи сарвари Садорати давлатии назорати санитариву эпидемиологии вилоят
.